Русия ба Тоҷикистон қариб 380 миллион рубл мефиристад
Ҳукумати Русия барои кумак ба панҷ мактаби муштараки русиву тоҷикӣ 378 миллион рубл ҷудо кардааст. Ин мактабҳо дар Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Турсунзода ва Хуҷанд сохта мешаванд.
Фармони дахлдор, ки Михаил Мишустин — нахуствазири Русия имзо кардааст, рӯзи шанбе дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шуд.
Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар матлабе дар «Российская газета», ки ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ нашр шуд, аз ифтитоҳи 5 мактаби таълими забони русӣ дар Тоҷикистон аз 1-уми сентябр хабар дода буд.
Ба гуфтаи ӯ, таҳсил дар мактабҳои русзабон имкон медиҳад, ки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шартҳои баробар ба донишгоҳҳои Русия дохил шаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ