Русия ба Тоҷикистон ба маблағи 122 миллион доллар силоҳ додааст

Дар муддати 5 соли ахир Русия ба Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба маблағи 122 миллион доллари амрикоӣ силоҳ, муҳимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ додааст.

Дар муддати 5 соли ахир Русия ба Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба маблағи 122 миллион доллари амрикоӣ силоҳ, муҳимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ додааст.

Дар ин бора Андрей Воробев, раҳбари ҳайати Русия дар ҳамоиши Созмони Амният ва Ҳамкориҳои Аврупо дар шаҳри Венаи Австрия хабар дод.

Ба гуфтаи Воробев, аз соли 2014 дар доираи Барномаи навсозии Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Русия ба Тоҷикистон ҳеликоптар, техникаи ҷангӣ, тӯп, силоҳи оташфишон ва муҳимоти низомӣ фиристодааст.

Ҳамчунин, вай таъкид кардааст, ки Вазорати  мудофиаи Русия дар омода кардани кадрҳои низомӣ ба Тоҷикистон кумак карда ва ҳоло 586 афсари тоҷик дар донишгоҳҳои низомии ин кишвар омӯзиш мегиранд.

Ҳамзамон, ҳамасола беш аз 1000 низомии тоҷикистонӣ дар пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон аз таълими низомӣ мегузаранд.

Тоҷикистон дар ҳамсоягии  Афғонистони ноором воқеъ буда ва ба эътиқоди мақомоти баландпояи низомии Русия садҳо нафар ҷангиёни гурӯҳҳои террорист пас аз шикаст дар Сурия ва Ироқ ба Афғонистон паноҳ бурдаанд.

Зимнан, рӯзи 28 май Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия бо як сафари кории якрӯза вориди Тоҷикистон шуд.

Вай бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва Шералӣ Мирзо, вавзири мудофиаи Тоҷикистон дидору гуфтугӯ карда ва бо вазъияти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ошно гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *