Русия барои Тоҷикистону Қирғизистон озмуни муаллимонро эълон кард
Вазорати маорифи Русия барои кор дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон ва Қирғизистон озмуни муаллимонро эълон кард.
Вазорати маорифи Русия барои кор дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон ва Қирғизистон озмуни муаллимонро эълон кард.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ин вазорат, барои муаллимон маоши хуб, манзили зист ва суғуртаи тиббӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, ба онҳо пули рафту омад ба ин ду кишвар пардохт хоҳад шуд.
Ин манбаъ афзуд, ҳоло муаллимони забон ва адабиёти рус, физика, математика, кимиё, биология, технологияи иттилоотӣ ва муаллимони синфҳои ибтидоӣ интихоб мешаванд.
Яке аз шартҳои асосии озмуни муаллимон ин таҷрубаи кории на камтар аз 5 сол дар мактаб ҳисоб меёбад.
Барномаи ирсоли омӯзгорон аз Русия ба Тоҷикистон феврали соли 2017, дар мулоқоти президентони ду кишвар Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе қабул шуда буд. Дар пайи ин тасмим августи соли гузашта ба Душанбе нахустин гурӯҳи 29-нафарии омӯзгорон аз Кострома, Уфа, Доғистон ва дигар минтақаҳои Русия барои кор омаданд.
26 нафари ин гурӯҳ омӯзгороне ҳастанд, ки соли 2017 ва бори аввал бар асоси барномаи ҳамкориҳои гуманитарии Русияву Тоҷикистон ба кишвар омада буданд.
Бар асоси тавофуқ, ҳаққи пардохти маоши омӯзгорони Русия дар Тоҷикистон ба дӯши ҳарду кишвар вогузор шудааст. Тоҷикистон ҳаҷми миёнаи маоши омӯзгоронро дар ҳаҷми 14 ҳазор рубл ё 2130 сомонӣ пардохт мекунад ва 60 ҳазор рубли боқимонда (9131 сомонӣ)-ро Вазорати маорифи Русия ба ӯҳда дорад. Ҳукумати Тоҷикистон масъулияти таъмини омӯзгорон бо манзили зистро ҳам ба ӯҳдаи худ гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, бархе омӯзгорони тоҷик мегӯянд, агар дар Тоҷикистон ба педагогҳои ватанӣ чунин маошҳои хуб (ҳудудан 1000 доллар) медоданд, мутахассисони тоҷик ҳеҷ гоҳ тарки касбу кор намекарданд ва омӯзгорони фаннҳои мухталиф ба забони русӣ дар дохили Тоҷикистон ҳам пайдо мешуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ