сафорат

Русия: Кӯдаки 2-солаи тоҷик аз ошёнаи 4-ум афтод. Сафорат огоҳ аст

Сафорати Тоҷикистон дар Русия оид ба огоҳӣ доштан аз афтодани кӯдаки 2-солаи тоҷик аз ошёнаи 4-уми як бино дар вилояти Ленингради Русия иттилоия пахш кард.

— Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар мавриди ҳодисаи аз ошёнаи 4-уми як бино афтодани кӯдаки 2-солаи тоҷик, ки 9-уми апрели соли 2023 дар ноҳияи Тосненскийи вилояти Ленингради Федератсияи Русия ба вуқуъ пайвастааст, хабардор буда, қазияи мазкурро таҳти пайгирӣ қарор додааст,- омадааст дар иттилоия.

Гуфта мешавад, ки Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия барои расонидани кумакҳои зарурӣ ба кӯдаки осебдида изҳори омодагӣ намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *