Русия ва Эрон «Толибон»-ро ба муборизаи оштинопазир бар зидди терроризм даъват карданд!

Мо аз мақомоти нави Афғонистон даъват мекунем, ки бо гурӯҳҳои террористӣ, инчунин бар зидди қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа мубориза баранд

Вазирони корҳои хориҷии Русия ва Эрон ташаббусҳои муштаракро, ки ба барқарорсозии Афғонистон нигаронида шудаанд, баррасӣ карданд

Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров пас аз музокирот бо ҳамтои эронии худ Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён изҳор дошт.

Ба гуфти ӯ, ҳарду кишвар омодаанд, ки тадбирҳои барқарорсозии Афғонистонро ҳамоҳанг созанд.

Ҷониби Русия ва Эрон ҳам аллакай як қатор ташаббусҳо доранд.

Лавров қайд кардааст, ки ҷумҳурӣ набояд манбаи бесуботии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бошад.

«Мо аз мақомоти нави Афғонистон даъват мекунем, ки бо гурӯҳҳои террористӣ, инчунин бар зидди қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа мубориза баранд», — гуфт раҳбари ВКХ Русия.

Вай афзуд, ки Афғонистон мавзӯи асосии музокироти Русия ва Эрон шуд. Тарафҳо дурнамои ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалиро барои ба эътидол овардани вазъ дар ҷумҳурӣ баррасӣ карданд.

«Мо дар бораи ҳамоҳангсозии талошҳо барои амалӣ кардани ташаббусҳо гуфтугӯ кардем», — афзуд Лавров.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *