Русия ваксинаи зидди COVID-19-ро сохтааст (видео)
Маркази миллии таҳқиқотии эпидемиология ва микробиология (НИЦЭМ) ба номи Н. Ф. Гамалеяи Русия эълон кард, ки ваксинаи зидди COVID-19-ро сохтааст ва он мумкин аз авохири тобистони имсол барояд.
Дар ин бора Александр Гинтсбург, раҳбари ин маркази таҳқиқотӣ зимни суҳбаташ дар филми мустанади «Опасный вирус 5» дар шабакаи телевизионии «Россия 1» хабар дода, гуфтааст, агар мушкиле пеш наояд, охирҳои моҳи август онро сабти ном хоҳанд кард.
Номбурда мегӯяд, таҳияи ваксинаи мазкур моҳи феврал оғоз ёфта, дар таҳияи он платформаи умумиеро, ки қаблан дар ваксинаи зидди табларзаи Эбола ва коронавируси MERS истифода шуда буд, истифода кардаанд.
Ба гуфти ӯ ваксина, дар марҳилаи озмоиши токлиникӣ қарор дорад, ки як моҳро дар бар мегирад ва пас аз он Вазорати тандурустии Русия санҷишро дар одамон иҷозат медиҳад.
Ӯ мегӯяд санҷишҳои аллакай гузаронидаашон натиҷаи назаррас додааст. Гинтсбург таъкид кард, ки пас аз ба қайд гирифтан ва оғози истеҳсоли ваксина, фавран эмкунӣ кардани тамоми сокинони кишвар ғайриимкон аст.
Мудири марказ илова намуд, ки Вазорати тандурустӣ барои тавлиди ваксинаҳо аз тамоми имконоти имконпазир истифода хоҳад кард. Олим ишора кард, ки таҳиягарони ваксина аллакай онро дар худ низ санҷидаанд.
Имрӯзҳо беш аз 70 гурӯҳи пизишкон дар саросари ҷаҳон барои пайдо кардани ваксина алайҳи коронавирус пажӯҳиш мегузаронанд.
Қаблан Николай Малишев, доктори илмҳои тиб, профессор, пизишки сироятшинос гуфта буд, ки ваксинаи зидди коронавирус на пештар аз ним сол пайдо мешавад.
Бо гузашти анқариб шаш моҳ аз пайдоиши ин вирус ҳанӯз ба ягон олим муяссар нагаштааст, ки дору барои пешгирӣ ва муолиҷаи онро таҳия кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ