Рустами Эмомалӣ гуфт, ки чанд фоизи сокинони шаҳр ваксина гирифтанд (аудио)
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ шумораи сокинони кишварро, ки бар зидди коронавирус ваксина гирифтаанд, гуфт.
Шаҳрдор зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти шаҳрдорӣ дар соли 2021 ва вазифаҳои он барои соли 2022 хабар дод, ки 725 ҳазор сокини шаҳри Душанбе бар зидди COVID-19 эм карда шудаанд.
Бино ба иттилои раиси шаҳр, соли сипаришуда бо мақсади пешгирии пандемияи коронавирус якуним миллион воя ваксина ворид шуд ва то имрӯз 725 ҳазор сокини шаҳр, ки 100 фоизи гуруҳи мақсаднокро ташкил медиҳанд, ваксинатсия шудаанд.
Гуфта мешавад, ки тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, 65 дарсади аҳолии калонсоли кишвар алайҳи коронавирус ваксина гирифтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ