Рустам Ғаниев: Бо 35 муассисаи таълимию илмии хориҷӣ ҳамкорӣ дорем
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо 35 муассисаи таълимию илмии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Директори иҷроияи филиали донишгоҳ Рустам Ғаниев ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Тибқи амалишавии созишномаҳои ҳамкорӣ бо 35 муассисаи таълимию илмии хориҷӣ дар филиал мунтазам барномаҳои мубодилаи кормандону омӯзгорон, иштирок дар мактабҳои тобистона ва таҳқиқоти илмӣ–амалии муштарак гузаронида мешаванд», -гуфт Рустам Ғаниев.
Ба таъкиди номбурда, соли ҷорӣ байни филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо Институти таҳқиқоти демографии Маркази федералии илмӣ–таҳқиқотии сотсиологии Академияи илмҳои Русия ва шуъбаи Навойигии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон 2 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Гуфта шуд, ки ҳоло дар филиал 25 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил дошта, 19 нафарашон аз Федератсияи Русия, 2 нафар аз Ҷумҳурии Узбекистон, 2 нафар аз Ҷумҳурии Қазоқистон, 2 нафар аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ