Спитаменбонк хатмкардагони МГУ-ро ба кор мегирад
Байни Спитаменбонк ва филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе созишномаи ҳамкорӣ имзо шудааст.
Санади мазкурро муовини раиси Раёсати Спитаменбонк Нурмуҳаммад Шарипов ва директори филилали донишгоҳ Рустам Ғаниев имзо карданд.
Тавре ки аз филилали донишгоҳ ба Pressa.tj хабар доданд, яке аз ҳадафҳои муҳими созишнома — ин имкони гузаштани таҷрибаомӯзии хатмкунандагони донишгоҳ дар нуқтаҳои хизматрасонии Спитаменбонк ва инчунин, таъмини хатмкунандагон ва таҷрибаомӯзони пешқадам бо ҷойҳои кории холӣ мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ