СҶТ: Фавт аз коронавирус дар ҷаҳон коҳиш ёфт

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар додааст, ки дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта шумораи мубталоён ба коронавирус дар ҷаҳон 5 дарсад ва фавт 10 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.

«Теъдоди ҳам сироятҳои нав ва ҳам фавт дар як ҳафтаи охир дар муқоиса бо ҳафтаи қаблӣ мутаносибан 5 ва 10 дарсад коҳиш ёфт»,- омадааст дар бюллетени эпидемиологии ин ниҳод.

Тибқи омор, дар як ҳафтаи охир беш аз чаҳор миллион мубталоён ошкор гардида, 46,961 фавт ба қайд гирифта шудааст. Ба Аврупо 65 дарсади мубталоёни сабтшуда ва 60 дарсади фавтидагон рост меояд. Шумораи аз ҳама бештари мубталоён ба коронавирус дар як ҳафта дар ИМА (674 019) ба қайд гирифта шудааст. Русия дар ҷои панҷум (215 283) қарор дорад.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки шумораи эмкунӣ аз коронавирус дар ҷаҳон аз ҳашт миллиард гузаштааст. Аксарияти эмкунӣ (4,16 миллиард) дар се кишвар — Чин (2,5 миллиард), Ҳиндустон (1,2 миллиард) ва ИМА (0,46 миллиард) сурат гирифтааст. Дар маҷмуъ, одамон дар ҷаҳон 8,03 миллиард вояи ваксина барои мубориза бо COVID-19 гирифтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *