Сағирдашт: Раъду барқ 1 нафарро бо 15 сар гӯсфандаш ба ҳалокат расонид

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар аз фавти як нафар дар пайи раъду барқ хабар дод.

— Бино ба маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, раъду барқ як нафарро дар ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз бо 15 сар гӯсфандаш ба ҳалокат расонида, як хонуми 43-солаи ҳамин мавзеъро ҷароҳатдор кардааст,- мегӯяд манбаъ.

Шахси фавтида зодаи ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон буда, 27 сол доштаву соҳиби оила ва як фарзанд будааст.

Гуфта мешавад, ки ҳодиса рӯзи 12-уми июн, тахминан соати 19:21 дақиқа рух додааст. Марҳум дар чарогоҳ саргарми чорвочаронӣ будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *