Сабабҳои пайдоиш, ташхис, табобат ва роҳҳои пешгирии бемориҳои пешоббарор

Бо фаро расидани мавсими сармо нафарони зиёде аз бемориҳои пешоббарор шиква мекунанд. Бо мақсади равшанӣ андохтан ба сабабҳои пайдоиш, ташхис, табобат ва роҳҳои пешгирии ин бемориҳо суҳбате доштем  бо уролог — андролог, эндоуролог, мутахассиси дараҷаи олӣ ва мудири бахши урологии Бемористони байналмилалии Ибни Сино доктор Мубин Аминов.

— Бемориҳои узвҳои пешоббарорро номбар мекунед?

— Бемориҳои узвҳои системаи пешобӣ — ин илтиҳоби гурда ва дигар узвҳои системаи пешобӣ, санг ва омоси системаи пешобӣ, тангшавии маҷрои пешоб, рушди аномалияи системаи пешобӣ ва ғайра мебошанд.

— Ихроҷи пешоб чӣ тавр танзим карда мешавад?

— Дар роҳҳои пешобгузар ду дарича вуҷуд дорад, ки дар тиб якеро детрузор ва дигарро сфинктер меноманд. Оне, ки детрузор мегӯянд, аз мушакҳои масона иборат аст, ки ҳангоми кашишхӯрии онҳо пешоб аз масона ба маҷрои пешоб равона мешавад. Даричаи дуюм сфинктер ном дорад, ки дар қисмати ақибгоҳи маҷрои пешоб ҷойгир шудааст ва функсияи дошта тавонистани пешобро иҷро мекунад. Фаъолияти ҳардуи ин дарича таввассути системаи асаб танзим карда мешавад.

— Сабабҳои зуд — зуд омадани пешобро шарҳ медиҳед?

— Сабабҳои зуд — зуд омадани пешоб зиёданд. Аз ҷумлаи онҳо — ин бемории диабети қанд, илтиҳоби роҳҳои пешоб ва простат, нӯшидани доруҳои пешобовар, ҳолати ҳамли занҳо, баланд шудани фишори хун, омосҳо ва пайдо шудани сангҳо дар узвҳои пешобгузар, ихтилолӣ ё вайроншавии кори системаи асаб, бахусус ҳароммағз ва дисбаланси гормонҳо дар бадан мебошад.

— Чаро баъзе одамони калонсол дар хобашон — хоҳ шаб ва хоҳ рӯз бошад, пешоб мекунанду намефаҳманд. Сабабҳояшро шарҳ медиҳед?

— Сабабаш ин аст, ки ҳангоми хоб ҳиссиёти одам нисбатан паст мешавад. Ва ин дар навбати худ ба танзими кори даричаҳои роҳҳои пешоб халал ворид мекунад. Бахусус дар одамҳои калонсол, ки аксарияташон дорои бузургшавии простат ҳастанд, ки дар навбати худ ин бузургшавӣ кори сфинктерро заъиф мекунад ва мубталои беихтиёр рехтани пешоб ҳангоми хоб мешавад.

— Машруботи алкулӣ ба системаи пешоббарор чӣ таъсир мерасонад?

— Онҳое, ки машруботи алкулиро зиёд истифода мебаранд, мубталои заъфи системаи асаб мешаванд. Барои мисол, гипофиз хориҷ намудани гормони антидиуретиро қатъ мекунад, ки боиси зиёд хориҷ шудани пешоб ва беихтиёр рехтани он аз бадан мешавад. Ва ҳатто ба мабраз рафтанро фаромӯш мекунанд. Дуюм сабабаш — ин истеъмоли моеъоти аз меъёр зиёд ҳангоми истеъмоли нӯшокиҳои алкулӣ мебошад. Машруботи алкулӣ хусусияти ангезиши уфунатҳо дар мубталоёни бемориҳои музмини найи пешобрез ва простатро дорад. Ғайр аз ин, машруботи бадсифат токсинҳои зиёд дорад, ки ба кори гурдаҳо ва ҷигар фишор меоранд.

— Ташхиси бемориҳои узвҳои пешоб чӣ гуна аст?

— Барои ташхиси бемориҳои узвҳои системаи пешобӣ пеш аз ҳама таҷзияи пешоб ва ҳассосияти бактерияҳо дар пешоб, диди ултарасадо, рентгени узвҳои системаи пешобӣ, томографияи компютерӣ ва изотопӣ зарур аст.

— Табобати бемориҳои пешоб чӣ гуна аст?

— Табобати бемориҳои системаи пешобӣ вобаста аз навъ ва дараҷаи беморӣ ду намуд аст: консервативӣ ва ҷарроҳӣ.

— Тадбирҳои пешгирӣ кардани мушкилии роҳҳои пешобрав кадомҳоянд?

— Тадбирҳои пешгирӣ кардани бемориҳои роҳҳои пешобрав, қабл аз ҳама эҳтиёт кардан аз хунукхӯрӣ аст. Яъне нанишастан дар ҳавои хунук, либосҳои тунук напӯшидан, риояи гигиенаи шахсӣ, истифода набурдани нӯшокиҳои алкулӣ, нӯшидани на камтар аз 2 литр моеъот, дуруст истеъмол намудани ғизо. Тадбирҳои профилактикӣ ба ду гуруҳ ҷудо мешаванд: аввалия ва сонавия.

Аввалия — ин тадбирҳое ҳастанд, ки пешгирӣ менамоянд, то дар гурда ва системаи пешобӣ беморӣ рух надиҳад.

Сонавия бошад, пешгирӣ ва саривақт ёфтани оризаҳо ва хурӯҷи бемориҳои системаи пешобӣ мебошад.

Мусоҳиб:

Шервони УМРИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *