Сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии сулфаи кӯдакон
Тирамоҳ, ки сар шуд, мушкили модарон афзун мегардад, зеро кӯдакон тез-тез бемор шуда, табашон баланд мешавад, месулфанд, инҷиқӣ карда, хӯрок намехӯранд, дуруст хоб намераванд ва гиря мекунанд. Аксари волидон сулфаю таби кӯдакро нишонаи шамолхӯрӣ ва зуком пиндошта, мустақилона бо дорую давоҳои оддии зидди грип фарзанди худро табобат кардан мехоҳанд, вале сулфа метавонад нишонаи бемориҳои ҷиддие бошад, ки дар сурати табобати нодуруст оқибатҳои нохушро ба бор оварда метавонанд.
Сулфа нишонаи чист?
Зуком ва ОРВИ — кӯдак месулфад, атса мезанад, биниаш маҳкам аст, гулӯяш дард мекунад, аз чашмаконаш об мешорад ва табаш аз 37 то 39 дараҷа баланд мешавад.
Бронхит — кӯдак бо шиддат месулфад, нафасгириаш душвор шуда, бисёр арақ мекунад, табаш хеле баланд шуда, ба зудӣ намефарояд. Ин беморӣ кӯдакро камҳол ва беҳаракат мекунад.
Астма — кӯдак хеле сахт месулфад ва чунон ба назар мерасад, ки ҳаво барояш камӣ карда, нафасгир шуда истодааст. Вақти нафаскашӣ як садои хоси ба ҳуштак монанд мебарорад.
Пневмания — сулфаи балғамдор, дард кардани қафаси сина ҳангоми нафаскашӣ. Кӯдак камҳаракат шуда, нафасгириаш торафи душвортар мегардад. Таби тифл то 38-40 дараҷа баланд мешавад.
Круп — Кӯдак пуҳ-пуҳкунон месулфад ва тез-тезу чуқур-чуқур нафас кашида, як садои ҳуштакмонанд мебарорад. Овозаш гирифта, ҳиррос мезанад. Табаш гоҳ баланд шуда, гоҳ мефарояд. Дар ин ҳолат кӯдакро фавран ба беморхонаи касалиҳои сироятӣ бурдан лозим аст, чунки круп бисёр бемории хатарнок буда, дар сурати бепарвоӣ метавонад боиси нафасгир шудан ва ҳатто марги кӯдак гардад.
Коклюш — Сулфаи хушк бо садои ҳуштакмонанд, обравӣ аз бинӣ, дилбеҳузурӣ ва сурх шудани рӯйи кӯдак. Маъмулан таби тифли ба коклюш гирифтор то 37-37, 6 дараҷа баланд мешавад.
Туберкулёз — сулфаи хушки доимӣ ва пуршиддат, суст, камҳаракат ва хоболуд шудани тифл. Кӯдаке, ки ба туберкулёз гирифтор шудааст, бисёр инҷиқӣ карда, табаш то 37,5–38 дараҷа баланд мешавад.
Тавре ки мебинед, бемориҳое, ки номбар кардем, нишонаҳояшон ба ҳамдигар монандӣ доранд, бинобар ин, агар сулфа дар муддати як ҳафтаи табобат бо доруҳои маъмулии зидди балғам ва сулфа гум нашавад, ҳатман кӯдакро ба духтур бурда, аз ташхис гузаронед.
Дар хона чи бояд кард?
Кӯдаки ба сулфа гирифторшуда аз сесола зиёд бошад ва табиб ягон бемории ҷиддиро дар ӯ наёфта, дар хона табобат гирифтан фармояд, реҷаи бистариро риоя кардан лозим аст. Шумо бояд ҳавои хонаеро, ки тифл мехобад, тез-тез тоза карда, ба кӯдак зуд-зуд об диҳед.
Кӯдак ба сулфаи хушк гирифтор бошад, ширро бо асал ҷушонда хӯронед. Оби минералии бе газ низ фоида дорад. Аз ҳама муҳимаш кӯшиш кунед, ки кӯдак озодона нафас кашида тавонад. Барои он ки бинии кӯдак маҳкам нашавад, биничаашро бо маҳлули намакоб (солевой раствор) шустан лозим аст.
Фарзандатон аз сесола хурд, масалан яксола ё якунимсола бошад, танҳо ҳамон доруҳоеро ба тифл диҳед, ки духтур фармудааст. Ба саломатии кӯдак диққати махсус додан лозим аст. Дар рафти таббат ҳоли кӯдак ба ҷойи рӯз то рӯз беҳтар шудан, баръакс бадтар шуда, табаш баланд шавад, дубора ӯро ба назди духтур баред ё мошини “Ёрии таъҷилӣ”- ро даъват намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ