Сабурзода аз Қубодиён ба Русия меравад

Дар назар аст, ки масъулини ноҳияи Қубодиён барои ҷалби бештари ҳиссагузории сокинони ноҳияи мавриди назар, ки дар Русия кору зиндагӣ доранд, ба он кишвар сафар кунанд.

Мирзодавлат Сабурзода, раиси ноҳияи Қубодиён дар нишасти хабарӣ гуфт: “Бо сокинони ноҳия, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ доранд, телефонӣ дар тамос ҳастем”.

Ӯ афзуд, ки агар иҷозат шавад, нақша доранд моҳи сентябр ё октябр ба Федератсияи Русия як сафари корӣ кунанд. Мақсад вохӯрӣ бо сокинон ва соҳибкорони ноҳияи Қубодиён будааст, ки дар Русия кору фаъолият доранд.

“Ман бо аксари онҳо дар тамос ҳастам. Дар шаҳрҳои Қазон, Екатеринбург ва Санкт-Петербург мардум интизоранд. Онҳо маблағгузорӣ карда истодаанд. Онҳо мафҳуми ватану ватандориро дарк кардаанд”,- таъкид намуд раиси ноҳия.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *