Садама дар Муминобод аз як оила 6 касро кушт
Рӯзи 22 май бар асари садамаи нақлиётӣ дар роҳи Кӯлоб – Мӯъминобод 6 узви як хонавода аз деҳаи Фурӯзобаи ҷамоати Боғгаии ноҳияи Мӯъминобод ҷон бохтаанд.
“Модари дар қалб ҳазорҳо орзудошта бо ду писару як духтараш ва келину набераи 7-солааш, ки дар айёми ҷавонӣ буданду аз дунё чизе надида буданд, мехостанд дар тӯйи яке аз ақрабояшон иштирок намоянд, вале мутаассифона марг нагузошт ва дар роҳ мошини онҳо бо мошини боркаш (камаз) бар хӯрда, ҳамагӣ ба ҳалокат расиданд. Акнун аз ин оилаи бузург ҳамагӣ як писар боқӣ монд. Бисёр талх ва аламовар буд, ҳангоми дидани 6 тобут дар як ҳавлӣ…” – навиштааст Зафар Шарифзода дар саҳифаи Фейсбуки худ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ