Садама дар роҳи Душанбе-Хуҷанд боиси марги 6 нафар шуд

Ҳодиса 9 апрел, тахминан соати 21:10-дақиқа дар шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додаст. Ду мошини сабукрав ба ҳам сахт бархӯрданд.

Маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ки сокини шаҳри Истиқлол Бӯстон Башарови 32-сола ҳангоми ҳаракат бо автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «БМВ», таҳти идораи ронанда Раҳимҷон Одинаев, сокини 24-солаи шаҳри шаҳри Хуҷанд бархӯрдааст.

Дар натиҷаи  садама ронандаҳои ҳарду мошин Бӯстон Башаров ва Раҳимҷон Одинаев, мусофирони автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Аброр Ҳамдамови 32-сола, Авазҷон Худойназарови 32-сола, Обидҷон Нортаеви 33-сола ва Бегалӣ Ҷуманови 32-сола, сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳрҳои Истиқлолу Гулистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон ҷиҳати муайян кардани ҳолатҳои ба ҳамдигар бархӯрдани автомашинаҳо тафтишот гузаронида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *