Садама дар Варзоб: Ду фавтида ва ду захмӣ

Рӯзи 6-уми апрел баъди нисфирӯзӣ дар ҳудуди ноҳияи Варзоб садамаи нақлиётӣ рух додааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии ҶТ хабар дод.

Гуфта мешавад, ки “дар километри 65-уми шоҳроҳи Душанбе-Варзоб як мошини сабукрави тамғаи «Опел-Зафира», ки таҳти идораи марди 36-солаи сокини ноҳияи Б. Ғафуров буд, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Душанбе  бо сабабҳои номаълум ба ҷарии 600-метра сарозер шудааст”.

Дар натиҷаи садама ду мусофир дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда ва як мусофири дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта ва ба беморхонаи ноҳиявӣ мунтақил гардидаанд.

КҲФ бо дарназардошти шароити обу ҳаво аз ронандагон даъват мекунад, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз садамаҳо, бахусус дар роҳҳои куҳистон меъёри суръатро риоя кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *