Садама ҷони Рамазон Муҳаммадзодаро рабуд

Муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Айнӣ Рамазон Муҳаммадзода рӯзи 9 август дар як садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дар ҳудуди деҳаи Пете ҳалок шудааст. Дар ин садама ду сокини шаҳри Душанбе низ ҷон бохтаанд.

Хабаргузории «Sugdnews» бо такя ба манбааш дар мақомоти ноҳияи Айнӣ хабар дод, ки рӯзи 9 август мошини «Мерседес”, ки онро муовини сардори милисаи ин ноҳия Рамазон Муҳаббат Муҳаммадзода ронандагӣ мекард, дар ҳудуди деҳаи Пете ба сабабҳои ҳанӯз норӯшан ба дарёи Зарафшон афтодааст. Рамазон Муҳаммадзода ҳамагӣ ду рӯз пеш аз ин фалокат – 7 август – муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Айнӣ таъйин шуда буд.

Дар натиҷаи ин садама ду сокини шаҳри Душанбе низ дар дарёи Зарафшон ғарқ шудаанд. Шахсияти ин ду қурбониро, бино ба гуфтаи манобеи Sugdnews, мушаххас мекунанд. Вале бино ба хабарҳои дарёфтӣ, ин ду нафар ғолибан волидони як табиби Маркази саратоншиносии шаҳри Душанбе мебошанд. Онҳо барои истироҳат ба осоишгоҳи «Баҳористон” ба шаҳри Гулистон (собиқ Чкаловск” мерафтанд.

Ҷустуҷӯи ҷасадҳои ғарқшудагон дар тӯли рӯзҳои 9 ва 10 август ҳанӯз натиҷа надодааст. Барои ҷустуҷӯи ҷасадҳо наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷалб шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *