Садамаи мудҳиш: Мошини сокини Намангон дар Душанбе ба ду қисм тақсим шуд

Имрӯз, 18-уми марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе садамаи мудҳиш рух дод.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, тахминан соати 01:00 дақиқаи имрӯз ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 002КК03, Исроилов Асадбек Исмоилоғлу, санаи таваллудаш 25.10.2000, шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, истиқоматкунандаи ноҳияи Чортоктумани вилояти Намангон, ҳангоми тавассути роҳи мошингарди кӯчаи Н. Махсум аз ҷониби маҳаллаи Зафар ба самти хиёбони И. Сомонӣ бо суръати баланд ҳаракат намудан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби канори рости роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа автомашинаи мазкур ба ду қисм ҷудо шуда, қисмати қафои автомашина оташ гирифтааст.

Ронандаи воситаи нақлиёт дар натиҷаи бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *