Садамаи мудҳиши нақлиётӣ: 4 нафар ба ҳалокат расиданд
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз як садамаи мудҳиши нақлиётӣ хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, санаи 21-уми июни соли ҷорӣ, тақрибан соати 17:20 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақамҳои қайди транзитиаш С0496 j07, Ҳабибзода Орзӯ ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Н. Ганҷавӣ ба самти кӯчаи Сомон, дар назди тарабхонаи «Чаманоро» ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес», рақамоҳои қайди давлатиаш 3177МВ01 бархӯрдааст. Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ ронанда ва 3 нафар мусофирони автомашинаи тамғаи «Мерседес» ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамзамон ронанда ва як нафар мусофири автомашинаи тамғаи «БМВ» ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ