Садамаи тоҷикон дар Қазоқистон: 4 ҳалоку 4 захмӣ (видео)

Субҳи 21-уми июн дар шоҳроҳи Самара-Чимкент дар ҳудуди вилояти Оқтеппаи Қазоқистон шаҳрвандони тоҷикистон ба як садамаи нохуше рӯ ба рӯ шуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти идораи милитсияи вилояти Оқтеппа хабар додааст.

Бино ба маълумоти дарёфтӣ, дар садама чор шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва чор нафари дигар захмӣ шудаанд, ки аз миёни ҳалокшудагон ду нафарашон ноболиғ ҳастанд. Аз ҷумла як духтари 15-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба гуфтаи манбаъ, сабаби ҳодиса аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронандаи мошини Hyundai Starex будааст, ки дар натиҷа мошин чаппа мешавад. Ронанда дар ҳолати хастагӣ мошинро мерондааст.

Баъдан дар беморхона боз ду нафар, аз ҷумла як ноболиғи дигар дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи марказии ноҳияи Кобдинск ба ҳалокат расидаанд. Вазъи ду нафари дигар вазнин арзёбӣ мешавад.

Кормандони шуъбаи корҳои дохилии вилояти Оқтеппа дар робита ба марги шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари ин садама ба тафтишоти пешакӣ шуруъ кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *