Садамаи вазнин дар роҳи Душанбе-Хуҷанд бо марги 5 нафар

Дар натиҷаи садамаи вазнин дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 5 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ҳодиса 28-уми март, пас аз нисфирӯзӣ  дар километри 148,3-юми шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ рух додааст.

Гуфта мешавад, мошине, ки ронандааш сокини 33-солаи Душанбе буд, ҳангоми ҳаракат аз Хуҷанд ба самти Душанбе ба камарбанди поёни роҳ бархӯрдааст.

Дар пайи ин садама ронанда ва чаҳор мусофир дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Танҳо як мусофир, ки сокини 6-солаи ноҳияи Ёвон будааст, захмӣ шуда, зинда мондааст.

Наҷотдиҳандагон ҷасадҳои ронанда ва мусофиронро аз мошин берун карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоридаанд.

Қаблан навор аз ҷойи ҳодисаро як корбари шабакаи иҷтимоӣ ба Pressa.tj  ирсол карда буд. Ин видео дар телеграмканали Pressa.tj нашр шуда буд.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *