“Садои Қу” – аввалин намоишномае, ки режиссёр онлайн ба саҳна гузошт

Нахустнамоиши “Садои Қу”- дар таҳияи коргардон Авлиёқулӣ Хоҷақулӣ дар рӯзи байналмилалии театр 27-уми март соати 14:00 баргузор мегардад. Хоҳишмандон метавонанд тавасути даъватнома ва хариди чипта барои тамошии ин намоиш ба театри ш. Конибодом биёянд.

Намоиши мазкур давраи пондемия бо таври онлайн-таҳия шудааст. Аниқтараш коргардон Авлиёқулӣ дар Лондон истодабо ҳунармандон аз театри Конибодом кор мекарданд. То ин муддат онҳо се намоиши дигар бо номҳои “Ваҳваҳабонувон”, “Суди девонагон” ва “Қобил”- таҳия намуда буданд. Аммо ба таври онлайн таҳияи намоиш дар фазои театрии кишвар таҷрибаи нав аст.
Намоиши “Садои Қу”- аз руи навиштаҳои нависандаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба монанди А П Чехов, Ю. Шекспир, А. Пушкин, Грибоедов, К.Яшин ва Ҳ. Ғулом руи саҳна омадааст. Тамоми матнҳоро- низ худи коргардон банду баст кардааст.

Мусиқии дар намоиш истифода шуда аз оҳангсозони мондагор С. Бах, Малер ва Чайкоский мебошад.
Руйи саҳна ҳамаги се ҳунаранди ҷавони театр нақш меофаранд. Фарҳод Ғаффопур, Фаррух Ваитов ва Ғайратҷон Қодиров.

Минбаъд роҳбарияти театр тасмим доранд ҳар ҳафта рӯзи шанбе- анъанаи ду сол пеш будаи театрро дубора дар шаҳри Конибодом зинда кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *