Садриддин Наҷмиддин: Аввалин шунавандаам ҳамсарам аст
Сарояндаи шинохтаи тоҷики кишвар ва ҷаҳон Садриддин Наҷмиддин суҳбатеро бо Мустафо Азизёр, блогери афғон атрофи фаъолияти эҷодӣ ва тавлиди сурудҳояш анҷом додааст. Садриддин оид ба қадамҳои нахустинаш ба саҳнаи ҳунар ва сабабҳои аз Тоҷикистон ба Канада кӯч бастанаш ҳарф задааст, ки муҳтавои суҳбати мазкурро пешкаши шумо мегардонем.
— Садриддин, бисёр дур рафтед аз Тоҷикистон. Чӣ тавр дилатон шуд, ки аз сарзамини Садриддин Айниву Рӯдакии бузург ва куҳҳои сарбафалаккашидаю сарзамини зебои Тоҷикистон якбора дил биканеду он тарафи уқёнус ҳиҷрат намоед?
— Худо накунад, ҳеҷ гоҳ дил намеканам, чунки Ватани азизи мо аст. Иншаоллоҳ Худо хоста бошад, ҳар вақт боз бармегардам. Ин қисмат аст, инсон намедонад, ки фардо ба ӯ чӣ рух медиҳад.
— Гуфта метавонед, ки дар куҷо ҳастед, дар кадом кишвар зиндагӣ мекунед?
— Ростӣ, солҳои охир ба ин маънӣ саволҳои зиёд аз ҷониби мухлисон ба унвонии ман меоянд. Як замоне намехостам ба ин савол ҷавоб бигӯям, акнун ҳоло ки вақташ расид, онро барои мухлисонам мерасонам. Ман муддати панҷ сол мешавад, ки ҳамроҳи зану фарзандонам дар кишвари Канада, шаҳри Торонто зиндагӣ мекунам.
— Намедонам то куҷо рост аст, мегӯянд, ки хонаи Садриддин наздикии обшорон аст. Ҳангоме, ки тирезаро мекушояд, шамоле аз тарафи обшорон мевазад. Оё чунин аст?
— Як соат фосила дорем, то обшорони бузурги Ниагара. Вақте тирезаро мекушоем, таровату накҳаташ меояд.
— То ҷое огаҳӣ дорам, Канадаро бисёр дӯст медореду меписандед. Ин муҳаббат далели хосе дорад?
— Мегӯянд, ки агар бихоҳӣ, ки Худовандро шоду хандон бикунӣ, нақшаҳоятро барвақттар роҳандозӣ намо. Вақте бори дуюм соли 2017 ба сафари ҳунарӣ барои баргузории консерти махсус ба Канада рафтам, то ин дам нақша доштам, ки ба Калифорния, Лос Анҷелес кӯч бубандам, чунки онҷоро бисёр дӯст медоштам. Дар Лос Анҷелес фазои эҷодии хуб муҳайёст ва онҷо сарояндагону ҳунармандони машҳур зиндагӣ мекунанд. Вале моҳи март, ки хеле ҳаво сард буд, консерти мо ҳам ҳамон моҳи март ба нақша гирифта шуда буд. Аз дохили мошин то толори консерт омадан ончунон сард буд, ки ҳамонҷо калонгапӣ карда гуфтам, ки агар шиносномаи ҳаминҷоро ба ман туҳфа кунанд, ман барои зиндагӣ инҷо намеоям. Мардум чӣ гуна дар ин сардӣ зиндагӣ мекарда бошанд. Хулоса, нақшаи ман ҳамонҷо тағийр ёфт ва ҷои зистам барои оянда низ дигар гашт…
— Дар Афғонистон аввалин оҳанге, ки шуморо машҳур кард, “Нозанин” буд, ки дар ҳар куҷои Кобул садо медод…
— Суруди “Нозанин” дар албоми чоруми сурудҳоям буд. Давраҳои аввали ба саҳна қадам гузоштанам, аксар вақт сурудҳоро хато мехондам ва устодам Фурқати Саид, ки махзани илм ҳастанд, маро давъат карда, тарзи дурусти шеърро мегуфтанд.
— Барои тавлиди як суруд чанд маротиба онро сабт мекунанд, ки нусхаи ниҳоияшро ба даст оред?
— Дар замони муосир бо истифода аз дастгоҳҳои пешрафта ҳар як калимаро дар алоҳидагӣ хонда, онро ба матн часпонидан имкон дорад, аммо ман ин одатро надорам. Ба пуррагӣ сурудро мехонам, ба таври тамрин дубора онро барои сабт месароям. Муҳоҷират маро аз суруду мусиқӣ дур кард. Шукри Худо ҳоло оҳангҳоро омода кардаем ва ба зудӣ пешниҳоди мухлисон менамоям.
— Сабту оҳангҳо дар кадом муҳит сурат мегиранд?
— Ман пеш аз сабти суруд шеърро азёд мекунам ва ба эҳсосот вориди матн мешавам. Вақте ба студияи сабт равам, хоҳиш мекунам, ки чароғҳоро хомӯш кунанд ва ман медонаму худову шеърам…
— Чӣ сабаб гашт, ки ба дунёи ҳунар ворид шавед?
— Мехоҳам як хотиротамро инҷо биёрам. Вақте хурд будаму ба дунёи ҳунар ворид шудам, аз модарам хоҳиш кардам, ки бароям аккордеон харад, Худо умрашро дароз кунад, ба ман аккордеон харидорӣ карда буд. Модарам сабабгор шуд, ки ман навохтанро ёд гирам. Ҳамеша маро дастгирӣ ва кумак мекард. Даҳ сол доштам, ки аввалин бор бо баландгӯяк суруд хондам, мардум ба ман он қадар пул часпонданд, ки маро хеле завқманд кард. Аз ҳамон вақт фаъолияти эҷодии ман шуруъ шуд. Баъд аз ду сол устод Фурқат Саид маро ба ҳамкорӣ даъват кард, яъне аввалин нафаре буд, ки маро аз кӯча даъват кард, ки ҳамагӣ 12 сол доштам. Ин даъват барои ман дунёи дигар буд, боиси ифтихори бузург буд, ки як ҳунарманде, ки ҳазорҳо шогирд дорад, маро барои ҳамкорӣ даъват мекунад. Дар барномаҳои ҳунарӣ, тӯйҳои арӯсӣ, барномаи консертиаш мерафтам ва аввалин абломи сурудҳоям соли 1999 сабт шудааст.
— Ҳадафи сафар ба Тошканд чӣ аст?
— Маро ду нафар барои барпо кардани консерт даъват карданд ва пули калон ҳам ваъда карданд (механдад).
— Дар назди шунавандаҳои хеш чӣ қадар худро масъул ва ё ғайримасъул фикр мекунед? Манзурам ин аст, ки шумо завқи шунавандаро ба эътибор мегиред ё ба хостаи худ эҷод мекунед?
— Фикр мекунам, ҳар оҳанге, ки аз дил мебарояд, ба дил менишинад. Ҳунарманд барои хостаҳои шунаванда ҳаматарафа бояд фикр кунад. Дар интихоби суруд ва оҳанг дер хулоса мебарорам, чандин маротиба ба худ савол медиҳам, ки ин оҳангро бихонам ё нахонам. Шукр, ки дар интихоб то имрӯз хато накардаам ва сурудҳоям аз ҷониби мухлисон хуб қабул шудаанд.
— Аз ин бармеояд, ки тасмими аввалинро барои пешниҳоди суруд худатон мегиред, ҳамин тавр?
— Аввалин шунавандаи сурудҳои ман аҳли оилаам аст. Ҳамсарам оҳангшинос аст, ҳар вақте ки ӯ оҳангеро барои суруданам интихоб мекунад, ҳамон оҳанг шунавандаи зиёд пайдо кардааст.
— Суруди ”Ҳамеша ғамгинам…” чӣ гуна тавлид шудааст? Ин сурудро ба хотири кӣ хонда будед, ба хотир кӣ ғамгин будед?
— Ман ҳамеша кӯшиш мекунам сурудҳоямро барои ҳамаи нафароне пешниҳод кунам, ки оҳангу сурудҳои хубро шунидан мехоҳанд. То имрӯз ягон сурудро махсус барои касе иҷро накардаам. Ва ҳар суруде, ки мехонам, дар тасаввурам дилдодаи худам ҳаст ва ба ҳамин хотир, бо эҳсосоти зиёд тавлид мешавад. Аз соли 2003 ин оҳанг дар нақшаи ман буд, ки месароям. Соли 2013 онро дар ҳузури дӯсти хубам ҳунарманди машҳури тоҷик Ҳасани Чилла зам-зама кардам, бо дастгирии ӯ шеъраш пайдо шуд.
— Хӯроке, ки дӯсташ медореду ҳар вақте ки пешатон биёранд, бо иштиҳо тановул мекунед, кадом аст?
— Оши палов.
— Ранге, ки дӯсташ намедоред…
— Сафед, намедонам чаро.
— Чӣ шуморо нороҳат мекунад?
— Одамони бешуур. Дар маҳфилҳое, ки чунин одамон зиёд мебошанд, зуд онҷоро тарк мекунам.
— Бренди махсуси дӯстдоштанӣ доред?
— Не, ман брендҳоро намедонам, ҳар вақте хоҳам чизе бихарам, вориди мағоза мешаваму писандидаашро харидорӣ мекунам.
— Нақшаҳои ояндаи шумо чист?
— Феълан дар инҷо барои сабти суруду оҳангҳои нав ҳастам ва таронаҳоямро ба зӯдӣ пешниҳоди ҳаводорон кардан мехоҳам.
Омодасоз: М. ДАВЛАТОВА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ