Саъдуллозода сабаби хориҷ шудани 147 донишҷӯи ДПДТТ-ро шарҳ дод
Соли равон 147 донишҷӯи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд хориҷ карда шуданд.
Дар ин бора директори донишкада Шаҳриёр Саъдуллозода зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО иттилоъ дод.
Вай таъкид кард, ки хориҷ гардидани донишҷӯён дар ин давра, дар қиёс ба соли гузашта кам мебошад ва асосан бо хоҳиши худи онҳо сурат гирифтааст.
Яъне, ин гурӯҳи донишҷӯён бинобар сабаби ба дигар давлат рафтан ё мушкил будани таҳсил дар донишкада бо аризаи худ хориҷ шудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра ягон донишҷӯ бо сабаби иштирок накардан дар дарсҳо ё пардохт накардани маблағи шартномаи донишкада хориҷ карда нашудаанд.
Директори донишкадаи афзуд, ки давомоти донишҷӯён бошад, дар донишкада 92 дарсадро ташкил медиҳад.
Таъкид гардид, ки соли таҳсили равон қабули донишҷӯён ба донишкада тариқи ММТ 85 дарсад таъмин шуда, ғайр аз ихтисоси бофандагӣ ва экология дигар ба ҳамаи ихтисосҳо донишҷӯён ба пуррагӣ қабул шудаанд.
Иҷроиши нақшаи қабулро директори донишкада дар ин давра хуб арзёбӣ намуд. Зеро тайи 3-4 соли охир донишкада нақшаро ҳамагӣ 50 дарсад таъмин мекарду халос, ки ин боиси нигаронӣ буд.
Фарзона Шамсиева
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ