Сафари Президент ба Суғд
Имрӯз, 2-юми феврал сафари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар назар дошта шудааст.
Сафари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар ҳошияи таҷлил аз ҷашни миллии ниёгон-Сада сурат мегирад.
Тавре як манбаи Pressa.tj аз Ҳукумати кишвар хабар дод, зимни сафар Сарвари давлат аз вазъи заминҳои кишт, боғҳои интенсивӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ шинос мешавад.
“Дар ин сафар Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Боғи интенсивӣ иборат аз 300 га, хати нави коркарди пиёз дар корхонаи “Хуҷанд агро”, корхонаи нави истеҳсоли равған ва маҳсулоти гӯштии “Субҳи заррин” ва чанд иншооти муҳимро мавриди истифода қарор медиҳанд. Инчунин, дар намоиши аспҳои хушзот, чорвои калони ширдеҳ, бузу гӯсфандҳои хушзоти ширдеҳ ширкат менамоянд”,-гуфт манбаъ.
Интизор меравад, ки ин сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд 5 идома меёбад. Тафсилоти бештар нашр мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ