Сафири Белорус Тоҷикистонро тарк кард
Олег Иванов, сафири Беларус дар Тоҷикистонро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
“Вазири хориҷаи Тоҷикистон ба Олег Иванов барои фаъолияти назаррас ва саҳми гузошта дар таҳкими ҳамкории шарокати стратегии Тоҷикистону Беларус изҳори миннатдорӣ намуда, ба мавсуф муваффақият орзу кард”,-қайд карда шудааст дар иттилоъи Дафтари матбуотии ВКХ. Чанде пеш президенти Беларус Александр Лукашенко Виктор Денисенкоро сафири нави Беларус дар Тоҷикистон таъйин кард
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ