Сафири Тоҷикистон ба Раҷаб Тайиб Эрдоған эътимоднома супорид

 31 августи 2016 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён ба Раиси Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдоған Эътимодномаи худро супорид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Раиси Ҷумҳурии Туркия зимни арзи дуруд ба Асосгозори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба давлати Тоҷикистон ва мардуми он сулҳ ва пешрафт орзу намуда, омодагии кишвари худро барои густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобилан муфид миёни Тоҷикистон ва Туркия изҳор намуд.
Зимни суҳбат ҳамзамон доираи васеи масъалаҳои дуҷониба ва рушди минбаъдаи муносибат ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар баррасӣ гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *