Сафорати ИМА ба Неруҳои марзбонии Тоҷикистон кумак мерасонад

Сафорати ИМА дар Душанбе ба Неруҳои марзбонии Тоҷикистон радиоҳо, мошинҳои боркаш ва маҷмӯаҳои қисмҳои эҳтиётии Ҷип J8 ҳадя кард, то ба Тоҷикистон дар ҳифзи марзҳояш кумак кунад.

Бино ба иттилои Сафорати ИМА дар Душанбе, радиоҳо ва мошинҳо, ки 1,1 миллион доллар арзиш доранд, имкон медиҳанд, ки неруҳои марзбонӣ дар шароити маҳдуди минтақаи наздимарзӣ ҳаракат ва муошират кунанд.

— Маҷмӯи қисмҳои ҷип, коргоҳи нигоҳдорӣ ва омӯзиши марбут ба он 1,85 миллион доллар арзиш доранд ва ба марзбонон дар таъмини назорати доимӣ ва муассири сарҳад кумак хоҳанд кард,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *