Сафорати Тоҷикистон дар Русия 3 кӯдаки бепарасторро ба ватан овард
Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки 18-уми июн бо кумаки Хадамоти консулгарии ҳамин сафорат 3 шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия бепарастор мондаанд, ба ватан баргардонида шуданд.
Сафорат қайд мекунад, ки аз аввали соли ҷорӣ 9 шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон ба ватанашон баргардонида шуданд. Ҳамасола хадамоти дипломатии Тоҷикистон ва намояндагиҳои сохторҳои дигари давлатии он даҳҳо кӯдакро аз Русия ба Ватан бармегардонанд. Инҳо бештар кӯдаконе ҳастанд, ки аз ҷониби шаҳрвандони муҳоҷири Тоҷикистон дар Русия ба дунё омадаанд, вале дар таваллудхона партофта шудаанд. Дар бештари маворид ин модарон аз тарси бархӯрди манфии хешовандон ба муносибатҳои ишқи ноинсофонаашон дар мулки бегона фарзандони никоҳи худро тарк мекунанд. Онҳое низ ҳастанд, ки ба далели мушкили вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ё талоқ аз падари кӯдак фарзандони худро партофта мераванд.
Одатан кӯдаконе, ки аз Русия баргаштаанд, ба ятимхонаҳо тақсим карда мешаванд ва баъдан онҳоро ба оилаҳое, ки хоҳиши фарзанддор шудан доранд, ба фарзандхондӣ медиҳанд. Онҳо инчунин метавонанд ба хешовандони бевоситаи худ баргардонида шаванд, агар яке аз онҳо хоҳиши ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдакро изҳор кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ