Саида – Самарқанд

         Дастони тақдир

 Хазон мегардаду хоҳад шукуфтан,

Гули насрину лола дар баҳорон.

Кулоҳи сап-сафед ҳар сол пўшад,

Дарахти кўҳсорон дар зимистон.

Зи найсонаш баҳорон сабз гардад,

Замину дашт, лабони ҷўйборон.

Дар осмон турнаҳо боз раҷъат орад,

Хабар доданд оғози баҳорон.

Дареғо рўзи рафта пас нагардад,

Шуда кам аз китоби зиндагонӣ.

Касе заҳмат, дигар роҳат надорад,

Талху ширин аст шароби зиндагонӣ.

Касе натвон ба ҷуз ҳақ кард таъхир,

Ҷавони сарви боло ҳам шавад пир.

Ҳамин тавр зиндагӣ қонун бинвишт,

Чунин аст нағамаи дастони тақдир…

***

                            Зан

Зан чу хандид сад ҷаҳони мард обод мешавад,

Васфи ў хонад, дили ғамборае шод мешавад.

Аллаҳои форамаш бошад суруди зиндагӣ,

Дар ғазаб ояд чу зан, дунё барбод мешавад.

Ин дили гарми ҷавон аз оташи ҷони зан аст,

Хонаи ободи фарзандон ҳам аз хони зан аст.

Зан чароғи хонадону маҳфилорои замин,

Ин ҳама зебоиҳо аз файзи эҳсони зан аст.

Як нигоҳи меҳрубонаш, меҳри дунё офарад,

Чеҳраи бикшодаи зан чодари шаб медарад.

Ташнагиро кавсар асту зиндагиро раҳбар аст,

Бо қудумаш дашти беобро гулистон офарад.

Аз фурўғи мақдамаш пурфайз рўзгоронамон,

Худ биҷўяд зан, бувад ин зеби дастархонамон.

Аввалин ҳарфро, ки мо вирди забон овардаем,

Аз китоби зиндагӣ омўхта модар, ту бидон!

سعیده — سمرقند

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *