Саидзода аз мактабҳои зарардида дар муноқишаҳои марзӣ дидан кард

Вазири маориф ва илм  Раҳим Саидзода аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии зарардида дар муноқишаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуд. Ӯ ба омӯзгорон ва хонандагони зарардида кумак расонидааст. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст.

Вазир инчунин бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия ва омодагӣ ба фасли зимистон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ ва муассисаҳои шаҳри Истаравшан дидан намудааст.

Ҳангоми шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Варзоб дар пешбурди фаъолияти таълимии муассиса баъзе мушкилоту норасоиҳо, аз қабили ба таълиму тарбия машғул будани омӯзгорони ғайритахассус, тибқи талабот нагузоштани ҷадвали дарсӣ, сари вақт пур накардани журналҳои дарсӣ, дар ҳолати корӣ қарор надоштани ҷевонҳо ва ғайра ба мушоҳида расиданд. Вобаста ба ин ва дигар ҳолатҳо ба масъулини муассисаи таълимӣ, аз ҷумла ба мудири шуъбаи маорифи ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Инчунин зимни сафари корӣ вазир аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9, деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 деҳаи Оби зулоли шаҳри Истаравшан, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 ба номи Неъмат Аминови шаҳри Истаравшан дидан намуд. Дар муассисаҳои таълимии мазкур вазир ба вазъи таълиму тарбия, норасоии омӯзгорон, ташкили мафҳилҳо, дарсҳои иловагӣ, кружокҳо, дастраси хонандагон ва омӯзгорон гардидан ва аз худ кардани Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ (400 луғат), омодагӣ ба фасли зимистон ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *