Сайдулло Хайруллоев: Ман ҳам асир афтода будам
Сайдулло Хайруллоев, арбоби давлативу сиёсӣ, нахустин Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ 75 — сола шуданд. Ба ин муносибат эшон дафтари хотироти хешро дар суҳбате бо “Тоҷикистон” варақгардон намуданд.
— Шуморо ба муносибати 75 — солагиатон табрик мегӯям. 75 синни камолот аст. Аз ин қулла ба гузаштаи худ назар афканед, бештар чиро мебинед?
-Банда дар айёме, ки халқи шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар адӯи гитлерӣ зафар ёфт, дар як деҳи кӯчаки кӯҳистони Раштонзамин ба дунё омадаам. Азбаски дар он айёми саиди ворастан аз даҳшат ва барқароршавии баъдиҷангӣ ба олами ҳастӣ чашм кушодаам, Сайидаллоҳ номам ниҳодаанд. Ҳамсоли Ғалабаи бузургам ва мисли тамоми ҳамсолони худ зиндагии пурмашаққати баъдиҷангиро пушти сар кардааму ду давраи пур аз мадду ҷазри ҳодисоти зиёди таърихи навини Ватанро аз сар гузаронидам…
-Шумо аз зумраи сиёсатмадороне ҳастед, ки аз рӯзҳои нахустини роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлуи ӯ қарор доред. Нахустин дидор ва бардошти худро аз Эмомалӣ Раҳмон дар ёд доред?
— Нимаи дувуми солҳои 80-уми қарни ХХ роҳбарии ноҳияи Советро ба уҳда доштам. Тобистони соли 1987 Котиби аввали Кумитаи ҳизби коммунистии ноҳияи Данғара Рамазон Мирзоев маро ба ҷаласаи васеи ҷамъбасти ҳисоботи нимсолаи бюрои ҳизбии ноҳияашон даъват намуданд. Дар он нишаст ҷавони қоматбаланди хушандоме аз фаъолияти хоҷагиаш ҳисобот дод ва бо ҷавобҳои саҳеҳу пурмазмуни худ ба саволҳои кунҷкобонаи ҳозирин ва рӯзноманигорон аҳли толорро қаноатманд намуд. Ин ҷавони ғаюру боҷуръат директори Совхози ба номи Ленин Эмомалӣ Раҳмон буд. Ҳамон лаҳзаҳо аз нутқи бурро, боназокатӣ ва ҷасораташ ояндаи дурахшони ӯ ҳувайдо буд.
Баъдан мо дар суҳбату мулоқотҳо ва чорабиниву нишастҳои зиёде бо ҳам вохӯрдаем.
Баъди Сарвари давлат интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи Ғарм мухолифони Ҳукумати конститутсионӣ муқобили ӯ тарғиботи дурӯғ мебурданд, мехостанд мардумро гумроҳ созанд. Соли 1994 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро барои вохӯрӣ бо мардуми минтақаи Раштонзамин даъват кардам. Он касро халқ бо хушӣ пазируфт, бо мардум суҳбату мулоқотҳои самимонаороста, рӯҳияи сокинони минтақаро тамоман тағйир кард. Раштиён ба Роҳбари Ҳукумат ва ояндаи неки мамлакат умед бастанд ва зиндагиашон низ батадриҷ дигаргун шуд.
-Дар солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ Шумо раиси ноҳияи Рашт (он замон Ғарм) будед. Табиист, ки муросо кардани Ҳукумат бо неруҳои гуногуни мухолиф осон набуд. Ҳамчун роҳбар чӣ душвориҳоро паси сар кардед?
— Дуруст гуфтед. Замона хеле нотинҷ ва вазъият дар кишвар муташанниҷ буд. Мухолифин бо ҳар роҳ мехостанд Ҳукуматро ба даст гиранд. Аз ин рӯ роҳу усулҳои гуногунро истифода мебурданд. Гаравгонгирӣ усули аз ҳама одиву маъмулии онҳо ба шумор мерафт. Лозим ба ёдоварист, ки бори аввал маро соли 1992, вақте ки ҳамчун муовини Сарвазири мамлакат ифои вазифа мекардам, гаравгон гирифта буданд.
Ҳамон сол мо аввалин солгарди Истиқлолияти ҷумҳуриамонро ҷашн мегирифтем. Рӯзе пас аз кор, ҳамроҳи Ҳабибулло Саидмуродов, ки он вақт муовини Сарвазири кишвар буданд, сӯи хонаҳоямон равон будем, ки як гурӯҳ силоҳбадастон моро дошта, ба штаби худ бурданд. Онҳо қотеъона ва бо таҳдид талаб карданд: “Рафта ба Ҳукумат расонед, ки ё Сафаралӣ Кенҷаев аз мансабаш истеъфо медиҳад ё ҳар дуи шумо ва 20 нафар депутатҳои гаравгонгирифташуда қурбонии мансаби ӯ мешавед!”.
Шаб мо ба хонаи Раҳмон Набиев омада, талаби мухолифинро расонидем. Рӯзи дигар С. Кенҷаев ҷавонмардона аз вазифааш истеъфо дод. Мухолифин вакилони гаравгонгирифтаашонро озод намуданд.
Бори дигар, вақте роҳбари аввали ноҳияи Ғарм (Рашт) будам, мухолифин бо роҳи фиреб кӯшиши гаравгон гирифтанамро карданд. Вазифаи аввалиндараҷаи мо, пеш аз ҳама, халқро дар атрофи ҳукумати қонунӣ муттаҳид намудан буд. Мо бояд аз қувваҳои солимфикри ҷомеа ҷонибдорӣ мекардем. Танҳо ба заковату хирадмандии мардумамон такя кардан лозим буд. Аз ин вазъияти душвори баамаломада қувваҳои носолими зиддиҳукуматӣ аз ҳар воситае мехостанд истифода баранд. Пеш аз ҳама, ба қатлу куштори одамони бегуноҳ даст зада, мехостанд боварии мардумро аз ҳукумати қонунӣ аз байн баранд.
Худи ман шоҳиди бевоситаи чунин воқеа гардидам. Як субҳи барвақт ба утоқи корӣ ворид шудам. Вазъи ноҳия ором буд. Дар фазои сокит бо ҳуҷҷатҳо шинос мешудам, ки ду нафари либоси низомӣ дар бар бо як нармии ба ҷавонони ҳамонвақта хос иҷозати ворид шуданро пурсиданд.
Рухсат додам ва мақсади ташрифашонро суол намудам.
– Вазъият хеле ҷиддӣ аст. Гурўҳи силоҳбадастони дувоздаҳнафара даҳ хонандаи мактаб-интернатро дар минтақаи «Полигон» асир гирифта талаб доранд, ки раиси ноҳия ба наздашон ояд, онҳоро озод хоҳанд кард.
— Сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ ва амнияти ноҳияро фавран супориш медиҳам, ки ба ҷои воқеа ҳозир шаванд, – посух додам ман.
– Раис, бояд худи ҳозир равем, вагарна ҷони кӯдакон дар хатар аст,– бовар кунониданд онҳо маро.
Ва ман ҳам ба онҳо эътимод намудаму ба «Жигулӣ»-ашон нишастем. Қабл аз ба ҳаракат даромадани мошин ба ҷонишинам супориш додам, ки ҳатман ҳамроҳи сардорони корҳои дохилӣ ва амнияти ноҳия аз қафои мо, ба минтақаи «Полигон» ҳозир шаванд. Ин мавзеъро хуб медонистам. Мошин босуръат роҳ пеш гирифт. Аз сарам хаёлҳои бисёр мегузашт. “Номардон! Наход, барои мақсади зишт кўдакони бегуноҳро гаравгон гиред!?”
Ғарқи андешаҳо чӣ тавр аз «Полигон» гузаштанамонро пай набурдаам. Вале барои иҷрои мақсадҳои нопокашон маро бо фиреб ба ин ҷониб оварданашонро дарк кардам.
– О бародарҳо, мавзеъи гуфтагиатонро гузаштем, силоҳбадастон бо асиронашон дар куҷоянд? -пурсидам аз онҳо.
– Акнун даврат ботил шуд, Раис. Калимаатро арза кун! – гуфт бо таҳдиду таҳқир якеаш.
Барои раҳо ёфтан илоҷе пайдо кардан зарур буд, аммо вақт хеле танг ва зимом дар дасти он номардон буд. Мошин бо суръати баланд қад-қади рӯди Сурхоб теппаҳои пурсангро ба қафо гузошта пеш мерафт. Ногаҳон чашмам ба автомати «Калашников», ки дар паҳлуи ронанда мехобид, афтид. Бо як чолокӣ онро ба даст гирифта, милашро ба гўши ронанда ниҳода садо баланд кардам: – Канӣ ба қафо гардед! Рост ба ҳукумати ноҳия меравем, – амр намудам ба онҳо ва бо дасти чапам як мушти обдор ба сари силоҳбадасти дуюм, ки дар нишастгоҳи қафо буд, задам. Ӯ дари мошинро кушода худро ба дарёи Сурхоб андохт. Ронандаро оварда, ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия супурдам.
-Нахустин раиси Парлумони касбии кишвар ҳастед. Чӣ гуна ба шумо – вакилони нахустин Маҷлиси намояндагон даст дод, ки як парлумони ҳирфаӣ бисозед?
— Баъди ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуданам ман нахустин бор бо вакилони ҷаласа Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии кишварро муҳокима намуда, моҳи апрели соли 2002 лоиҳаи Қонун “Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро, ки аз ҷониби Ҳукумат пешниҳод шуда буд, баррасӣ ва қабул намудем.
Замони фаъолияти ман дар Порлумон вакилон ба Маҷлиси намояндагон аз қишрҳои мухталифи ҷомеа ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ интихоб мешуданд. Ин худ нишонаҳои аввалини давлати дунявиву демократӣ бунёд намудани мо буд. Маҳз интихоби вакилон аз шумори вакилони касбияташон баланд ва зиёиёни ҳақиқӣ дар ташаккули парлумони касбӣ нақши бузург бозид ва муҷиби қабули қавонини гуногуни соҳавӣ гардид.
-Шумо дар баробари сиёсатмадор будан фарҳангсолор ҳам ҳастед, ба таъриху фарҳанг ва мероси адабии бузургони адабиётамон бо дилсўзӣ муносибат менамоед. Дар нашри китобҳои зиёд, аз ҷумла «Гулшани тавҳид»-и Мавлавӣ Шоҳидии Раштӣ ва «Мазҳари кулл»-и Мавлоно Ҷомии Сонӣ саҳм гирифтаед. Вале ба эҷодиёти Гулханӣ таваҷҷуҳи бештар доред? Маншаъи ин таваҷҷуҳ чист?
— Дар баробари дигар адибону классикони тоҷик, осори Муҳаммадшарифи Гулханиро низ хеле дўст медорам. Маҳбубиятам ба осори ӯ аз он аст, ки шоир зодаи сарзамини аҷдодиам мебошад. Байтҳояшро аз забони мўйсафедони диёрам шунида, ҳамеша дар пайи дастрас кардани осораш будам. Вақте фаҳмидам, ки олими адабиётшинос Носирҷон Маъсумӣ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Гулханӣ рисолаи хурде таълиф намудааст, онро пайдо карда, барои дубора дастраси хонандагон гардидан мусоидат намудам. Ҳадаф аз ин тасмим он аст, ки насли имрўзу оянда огоҳ бошанд, ки дар адабиёти форсу тоҷик шоире бо номи Муҳаммадшарифи Гулханӣ низ ҳаст, ки шахси шўхтабъ ва ҳамвора оташмиҷоз буда, дар ибтидо аз рўи ҳамин табиати худ Гулханӣ тахаллус гирифтааст. Вай аз адибони забардаст ва машҳури доираи адабии Фарғона ба шумор меравад. Дар деҳаи Сафедтундаки Қаротегин таваллуд шуда, аз солҳои 70-уми асри XVIII то миёнаи солҳои 20-уми асри XIX ҳаёт ба сар бурдааст.
-Дар андарзномае, ки барои фарзандонатон тартиб додаед, чунин фармудаи Ибни Қайим ҳам ҳаст: «Се чизро инсон бояд тарк кунад: 1) Чоплусӣ; 2) Исроф; 3. Ғаммозӣ (суханчинӣ)» Гумон намекунед, ки ин се хислат имрӯз дар ҷомеаи мо реша давонидааст ва сабаби ин зуҳурот дар чист?
— Ин хислатҳо на фақат дар ҷомеаи мо реша давонидааст, балки ҳамеша буд ва онро решакан бояд кард. Аввалан ин аз тарбия дар ҳар як хонавода вобастагӣ дорад. Волидайн оқибатҳои ногувор доштани чунин хислатҳои бадро бояд аз тифлӣ ба фарзандон талқин намоянд. Баъдан чӣ дар мактабу донишгоҳҳо, ки ҷавонон таълиму тарбияи фанниву касбӣ мегиранд ва чӣ дар ташкилоту муассисаҳое, ки онҳо ба фаъолият шурӯъ мекунанд, нохуб будани ин чизҳоро ба онон бифаҳмонанд. — Имрӯзҳо машғули чӣ кор ҳастед?
— Моҳи ноябри соли 2010 Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ интихоб шудам ва то ба имрӯз фаъолиятам дар ҳамин вазифа давом дорад. Ин ташкилот, ки 31 октябри соли 1958 таъсис ёфта, ҳамчун таблиғгари сиёсати дохиливу хориҷии давлат барои ҳар чӣ бештар таҳким бахшидани робитаҳои байналхалқӣ, инкишоф додани дипломатияи мардумӣ, барқарор кардан ва ривоҷ додани муносибат бо Ҷамъиятҳои дўстӣ ва ташкилотҳои ҳаммонанди кишварҳои дигар фаъолияти хешро давом медиҳад. Ташкилоти мо бо Ҷамъиятҳои қирғизҳо, туркманҳо ва уйғурҳо, ки қавмҳои этникии (муқимии) Тоҷикистон мебошанд, Маркази русзабонҳои ш.Қурғонтеппа, бо марказҳои миллию фарҳангии «Дуслик»-и тотору бошқирдҳо, «Байтерек»-и қазоқҳо, «Иристон»-и осетинҳо, обшинаи озарбайҷониҳо, «Ассотсиатсияи кореягиҳои шўравӣ», Ҷамъияти «Қарлуқҳои Тоҷикистон» корҳои назаррас анҷом медиҳад. Дар қайд кардани ҷашнвораҳои ватани таърихии ақаллиятҳои миллии маскуни Тоҷикистон ҶДРФТ нақши муҳим дорад.
ҶДРФТ инчунин бо ҳамватанони бурунмарзиамон, Марказҳои фарҳангии онҳо, ки маданияти волоямонро тарғиб ва миллати тоҷикро дар кишварҳои хориҷӣ муаррифӣ мекунанд, робитаи зич дорад ва аз фаъолияти онҳо дар маҷаллаи “Дӯстӣ” ва сомонаи интернетиаш мақолаҳо ба табъ мерасонад.
-Ташаккур, барои суҳбати самимӣ. Дар охир мехоҳам донам, ки чӣ орзу доред?
— Мехоҳам давоми умрамро дар Тоҷикистони боз ҳам ободу тинҷ бинам. Халқам осудаҳолона ва саодатмандона, бо серию пурӣ зиндагӣ дошта бошад.
Мусоҳиб
Одил НОЗИР,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ