Саъйи ӯ ободию созандагист

12-уми сентябри соли равон журналист, иқтисоддон, собиқадори Кумитаи телевизион ва радио, мақомоти андоз ва НБО “Роғун” Қурбонов Саидқул 75-сола мешавад.

Номбурда фаъолияти меҳнатиашро соли 1973 дар Радиои Тоҷикистон оғоз намудааст. Солҳои 1979-1984 дар дастгоҳи мушовирини иқтисодии сафорати Шӯравӣ дар Афғонистон адои вазифа намудааст. Солҳои 1984-2001 дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси сармуҳаррир ва муовини директор кор кардааст. Баъдан ба мақомоти андоз гузашта, солҳои 2002-2008 сардори Нозироти андози ноҳияи Қубодиён буд. Солҳои охир С. Қурбонов фаъолияти хешро дар НБО “Роғун” идома медиҳад. Номбурда солҳои 2009-2010 котиби матбуотии Директори генералии ҶСК «НБО Роғун», солҳои 2010-2014 сардори шуъбаи кадрҳо ва таъминоти бехатарӣ, солҳои 2014-2019 сардори шуъбаи матбуоти ҶСК «НБО Роғун» буд. Ҳоло мушовири Директори генералии ҶСК «НБО Роғун” мебошад.

С. Қурбонов тайи солҳои фаъолият бо мукофотҳои соҳавӣ ва соли 1994 бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

Мо — гурӯҳи дӯстон ин шахсияти фозилро ба муносибати мавлудаш табрик гуфта, меҳрномаи Абдусамад Саид Табариро, ки ба назм кашида шудааст, пешкаш менамоем.  

Ном Саидқул асту Қурбонаш насаб,

Шарҳи ҳолашро расонидем ба табъ.

Чашм андар деҳаи Фатмев кушод,

Пой андар шоҳраҳи Фатмев ниҳод.

Бо тароват сайргоҳи бачагӣ,

Ёсуман андар нигоҳи бачагӣ.

Сабзаю себаргазорони ҳарир,

Чашмаю боду ҳавои дилпазир.

Роҳи кӯҳӣ кӯталу пасту уреб,

Гоҳ баландӣ мебарад, гоҳе нишеб.

Раҳравонро кӯҳгардӣ мебарад,

Бо ҷилои сатҳи мардӣ мебарад,

Санг бешу зарраи хокаш кам аст,

Ҷилвагоҳи чархи афлокаш кам аст.

Обу тоби зиндагӣ душвор бувад,

Хислати марди ба нангу ор бувад.

То ба шарти зиндагӣ одат кунӣ,

Ранҷ орӣ, пас аз он роҳат кунӣ.

В-он касе ки ком аз ганҷ мебарад,

Ҳамзамон пайваста ӯ ранҷ мебарад.

Оби софи чашмасорон хӯрдааст,

Аз сиришки кӯҳсорон хӯрдааст.

Бо муҳаббат, сидқу бо меҳру вафо,

Шуғл доштӣ дар садою дар симо.

Дар саноат ҳиссае назм карда ӯ,

Баҳри пешрафти Ватан азм карда ӯ.

Бар бинои пойдори иқтисод,

Хиштҳои устувореро ниҳод.

Дар дабистон муддате кор кардааст,

Наврасонро нек рафтор кардааст.

Дарс гуфтӣ, одаму одамгарӣ,

Таълими ахлоқу андарзи дарӣ.

Лафзи ширину равони модарӣ,

Дар ҳавои лаҳҷаҳои фалғарӣ.

Марди бо тамкину ирфонист ӯ,

Дар фаросат Туғрали сонист ӯ.

Он ки бо шамси хирад тобанда шуд,

Нурфазои ақли судёбанда шуд.

Кавкаби бахташ нурафшон гаштааст,

Дар фазои зеҳн дурахшон гаштааст.

Аз канори халқи Зосун омада,

То ба нерӯгоҳи Роғун амада.

Ў дар ин сарчашмаи оғози нур,

Бо тавону қувваю нангу ғурур.

Саъйи ӯ ободию созандагист,

Нурбори хонадон донӣ зи чист?

Роҳи бас тӯлониро тай кардааст,

Некукориҳо паёпай кардааст.

То ба ин ҳангомаи дилшод расид,

Панҷ боло бар синни ҳафтод расид!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *