Сайид Раҳмон: Китобҳоямро бо гарданкаҷӣ чоп кардам!
Шоир ва нависандаи хатлонӣ Сайид Раҳмонро, ки дар остонаи 80- солагӣ қарор дорад, алоқамандони адабиёт бештар бо романи “Масъуди сипаҳсолор”-аш мешиносанд, ки дар Тоҷикистон Ҷоизаи ба номи Носири Хусравро гирифт ва баъдан бо ҳуруфи форсӣ дар Афғонистону бо забони русӣ дар Русия низ нашр шуд. Суҳбати мо бо адиб дар арафаи ҷашни мавлудаш сурат гирифт, ки онро манзури шумо мегардонем.
— Устод Сайид Раҳмон, дар адабиётҳо омадааст, ки Ҳофизи Шерозӣ дар синни ҳафтсолагӣ қории Қуръон будааст. Яъне, кӯдаки ҳафтсола китоби Қуръонро бо забони арабӣ аз бар карда будааст. Бигӯед, ки Шумо дар чандсолагӣ ва чӣ тавр соҳиби хату савод шудед?
-Тасаввур мекунам, ки кӯдаки ҳафтсола, ки беш аз ҳаштсад саҳифа китобро аз бар карда бошад, шууру майнаи ӯ чӣ миқдор тараққӣ мекунад… Ба ғайр аз ин дар замони Ҳофиз ва минбаъд низ мактабҳои шеър вуҷуд доштанд. Хонандагон аз синфҳои поён то боло қофияю радиф, вазни шеър ва умуман ҳама дониши ба шеъру адаб марбутро пурра аз бар мекарданд, илми мантиқ меомӯхтанд ва дар натиҷа, дар офаридани шеър собитқадам ва нобиға мегардиданд.
Ман бошам, дар мактаби миёна ва олӣ таҳсили дурусте нагирифтаам. Дар мактаби ибтидоӣ на тахтаи синф доштему на бӯр. Мӯсо Ғуломӣ ном шоир (ёдашон ба хайр) дар деҳаи Тиҳиёни Ховалинг чун дар асарҳои устод Айнӣ тасвирёфта 10-12 кӯдакро дар хонаи лойӣ ҷамъ мекарду бо лахчаи арча дар девори бо сафедхок сафедшуда «А», «Б» менавишт ва мо дар бари он навиштани ҳуруфро давом медодем. Ҳамин тавр банда бе қаламу дафтару китоб «Алифбо»-хон шудам. Соли 1953 муҳоҷир шуда ба таҳдашт ба деҳаи Сариосиёби шаҳри Кӯлоб омадем ва то синфи 7 таълим гирифтанам низ аҳвол чунин буд. Асосан, пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Кӯлобу муаллими мактаби миёна ва дар радиои вилояти Кӯлобу рӯзномаи вилоятии «Роҳи ленинӣ» фаъолият кардан ба адабиёт дилбастагии зиёд пайдо намудам.
— Чакидаҳои аввалини хомаатон кай ва дар кадом шароит рӯи чопро дидаанд?
— Аввалин шеърҳоям соли 1966 дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» чоп шудаанд. Он вақт шеърҳоямро аз Қазоқистон ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ фиристода будам ва аз хабарнигорону рӯзноманигорони ин нашрия то охири умр миннатдорам, ки рӯзномаро ба номам фиристоданд. Сипас, Ғаффор Мирзою Боқӣ Раҳимзода ва устод Лоиқ, ки соли 1968 ба Кӯлоб омада, дар курс — конференсияи адибони ҷавон ширкат варзиданд, ба навиштаҳоям таваҷҷуҳ карда, ба дилам гармӣ бахшиданд. Баъдан, бо вуҷуди мушкилиҳои зиёде садди роҳ будан аз солҳои ҳафтодуми асри ХХ, ба адабиёт ва эҷод сахт камар бастам.
— Аз мутолиаи ҳикояю романҳоятон чунин бармеояд, ки шеваи ин ё он маҳалро фаровон истифода мебаред. Чаро Шумо ба ин тарзи навишт рӯ овардаед?
— Тарзи навиштани шеъру ҳикоя, қиссаю романро ман ҳангоми хизмати аскарӣ дар шаҳри «Ленинск-з»-и космодроми Байконури Қазоқистон аз асарҳои Ҳемингуей, Мопассан, Гёте, Ҷек Лондон, Горкий, Чехов, Шукшин, Расул Ғамзатов, Чингиз Айтматов ва дигарон омӯхтам. Яъне, вақтҳои зиёди фориғ аз хизмат китоб хондаму забони русӣ аз бар кардам ва махсусан асарҳои Ҷек Лондону Василий Шукшин бароям таъсири бештар доштанд. Шукшин, ки баъд сазовори Мукофоти Ленинӣ шуд, ҳама асарҳояшро бо шеваи хоси қаҳрамонҳои асар навиштааст. Романи «Степан Разин»-аш сад дар сад бо шеваи асри гузаштаи рус қаламдод гардидааст. Ва ман ҳам чун Шукшин дар навиштани наср аз шеваи гуфтугӯии халқ беш истифода бурдаам, зеро дар сурати соф адабӣ кардан шираву шарбати забони модарии мо гум мешавад. Гумон дорам, ки ба хонае меҳмонӣ раваму пешвоз кампири кӯлобӣ барояду гӯяд: «Канӣ писарам, хӯш омадед. Аз боло гузаред» ба хонанда хуш аст ё кампир гӯяд: «Ай дар пешут бимирум, бачам, биё, садқаи қадамҳот».
— Чӣ шуморо такон дод, ки яку якбора думболи навиштани романҳои калонҳаҷм шудед?
— Дар рӯзномаи «Роҳи ленинӣ» (вилояти Кӯлоб) мухбири махсус будам. То ин муддат мақолаю очерк саду ҳазорон навиштам. Гоҳе ҳикоя ҳам эҷод мекардам. Андешидам, ки рӯзҳо мегузаранду қиматашон нест мегардад. Бинобар ин, бо мақсади навиштани роман аз паи ҷамъ овардани далелу бурҳон шудам. Даҳ сол мавод ҷамъ овардам ва илова ба кори рӯзнома қисматҳои романамро менавиштам. Ёд дорам, ки рӯзе муҳаррир Шоҳмузаффар Ёдгорӣ (ёдашон ба хайр) маро наздашон даъват карда, сабаби фаъол набуданамаро дар кори рӯзнома пурсиданд. “Ҷонишинону котиби масъул, мудирони шуъба талаб доранд, ки аз кор ҷаоб диҳемат. Чӣ асос дорӣ?” – пурсиданд, Ёдгорӣ. Гуфтам, устод ба касали романнависӣ гирифторам. Солҳои зиёд мавод ҷамъ кардам, акнун ба навиштани он саргардонам. – Ҳай дар номут садқа, — хурсанд шуда гуфт Шоҳмузаффар ва илова кард: — Аз паси корат шав. Ман донаму ту. То рӯзе ман муҳаррирам ту ин ҷо кор мекунӣ… Умрам ба поён мерасаду дигар бо шахсе вонахӯрдаам, ки мисли устод Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ҳомии адабиёт бошад.
— Хонанда аз мутолиаи асарҳоятон огаҳӣ меёбад, ки зиндагиатон бо тиҳидастӣ гузаштааст ва ҳоло ҳам ҳаёти хоксорона ба сар мебаред. Лутфан мегуфтед, ки чӣ тавр имкони молиявӣ ёфта, ин қадар асарҳои калонҳаҷмро чоп кардед?
— Воқеан даҳ сол менавиштаму беш аз даҳ соли дигар барои чоп маблағ меҷустам, то навиштаҳоям рӯи чопро бинанд. Шоир Алимуҳаммад Муродӣ мисрае дорад: «Рафтам, дари душманам гадоӣ кардам». Ман ҳам чунин кардам. Қариб ки ҳамаи китобҳоямро ба воситаи гарданкаҷии дари мардум ва раисони муҳтарами замона бо теъдоди 100-200, ҳатто 20 нусха чоп кардаам ва ба ҳаминаш ҳам шукр мегӯям. Феълан тариқи «Фейсбук» навиштаҳоямро пешкаши хонандагон мекунам.
— Ҷиҳати нашри китоб ва мутолиаи он дар шароити имрӯза чӣ гуфтаниҳо доред?
— Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ асари адиб бо теъдоди ниҳоят зиёд чоп мешуд ва ба хонандагони сершумор дастрас мегашт. Ҳоло бошад, хаёлам дар як шаҳр 200-300 хонандаи асил ҳаст, боқӣ ҳама фиребу найрангу дурӯғ. Худнамоӣ аз ҳад гузаштааст. Аз коргари одӣ то вазир як варақ китоби бадеӣ хонад «сарвайрон» мешавад. Бояд бигӯям, ки мушкилоту камбудии асосии миллатамон бемаърифатӣ, кӯрсаводӣ, нахондани китоб асту бас… Бо назардошти ҳамин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ бисёр ҳам пешниҳоди қобили қабул ва ниҳоят хирадмандона кард,ки таваҷҷуҳи мардуми кишварро ба хондани китоб ҷалб сохта, дар назди ҳамаи ташкилоту муассисаҳо, вазорати идораҳо ва сохторҳои олимақом китобхона таъсис дода, Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…”-ро роҳандозӣ намуд. Умеддорам, ин ташаббусҳо мардуми моро китобхону бомаърифату босавод кунад.
Мусоҳиб
Шералӣ ЯҳёМАЪЛУМОТНОМА: Саид Раҳмон муаллифи маҷмӯаҳои насрии «Дунёи бевафо», «Зиндаҷудо», «Дунё ба умед”, «Аз рӯзгоре то рӯзгорон», “Хушбахти олам», «Орзуе то ҷовидон», «Сафари паҳ», романҳои «Шукронамарг», «Масъуди сипаҳсолор»,китобҳои шеърии «Сӯзи дил», «Гулбарги тар» ва «Резаборони тарона» ва ғайра аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ