Салим Тоҷикистонро тарк мекунаду ба Танзания меравад?
Салим Абдула Кимбумбуни аз Танзания (шаҳри Доруссалом) 10 сол мешавад, ки дар Душанбе, ҳоло дар Хуҷанд зиндагӣ мекунад. Тамоми ин солҳо бо сабаби надоштани ҳуҷҷатҳояш,ки онро дуздида буданд, наметавонад ба Ватан баргардад.
Вай бо дастаи сирк хамчун жонглёр ва акробат ба гастрол ба Точикистон омада буд. Сирк мунтазири баркарор шудани хуччатхои ӯ нашуду рафт. Тамоми ин солҳо Салим гоҳе дар Душанбе, гоҳ дар Хуҷанд зиндагӣ мекард. Салим дар хонаи бесарпаноҳон зиндагӣ мекард, ҳар ҷое, ки метавонист кор мекард, аммо ҳеҷ ҳуҷҷатҳояшро барқарор карда наметавонист.
Ҳоло ин ҷавонро як тоҷири маҳаллӣ паноҳ бурдааст, аммо танзаниягӣ мехоҳад ба назди хешовандонаш баргардад, зеро 16 сол боз дар хона набудааст, хабар медиҳад your.tj
Саргузашти вайро дар шабакаи НТВ-и Русия дар барномаи «Жди меня» намоиш дода шуд,Ва ба шарофати ин ҳоло хешу табори Салим пайдо шудаанд ва шояд ба наздикӣ Салими танзаниягӣ тарки Тоҷикистон кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ