Салимзодаро барои Мадина аз кор гирифтанд

Сӯҳроб Салимзода, муовини аввали прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки қарори афви гумонбар дар парвандаи ҷанҷолӣ марбут ба Мадина Мамадҷоноваро имзо карда буд, аз мақомаш барканор шудааст.

Ин нафари дуюм аст, ки дар робита ба қазияи Мадина аз мансаб барканор мешавад. Рӯзи 2-уми ноябр Зафар Исмоилзода, сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Сино низ аз мақомаш барканор шуда буд.

Сабаби барканории харду мақомдор “тафтиши ноодилонаи парвандаи Мадина Мамадҷонова” аст.

Сӯҳроб Салимзода бар асоси қонуни афв нимаи моҳи сентябри соли равон тафтиши парвандаи Азиза Давлатова, ки дар қасди куштори Мадина Мамадҷонова гумонбар дониста мешавад, қатъ карда буд.
Сӯҳроб Салимзода, бародарзодаи Шерхон Салимзода, собиқ Прокурори генералии Тоҷикистон мебошад.

Охири моҳи октябр фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз одилона тафтиш нашудани парвандаи Мадина, ки 26-уми август дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона интиқол ёфт ва ҳанӯз ба ҳуш номадааст, эътироз карданд. Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон вокуниш нишон доданд.

Лутфулло (Парвиз) Давлатов, раҳбари як бахши ширкати “Мегафон” дар Тоҷикистон барои расонидани “азобу уқубат” ва Азиза Давлатова, ҳамсари ӯ бо гумони “қасди куштор” боздошт шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *