Сандуқи қарзии «Амонатбонк» ба 2,4 миллиард сомонӣ расид

Ҳоло сандуқи қарзии «Амонатбонк» 2,4 миллиард сомонӣ, шумораи қарзгирон аз рӯйи бақия зиёда 68 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода имрӯз, 2 август зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ҳаҷми сандуқи қарзӣ 21 фоиз афзудааст.

“Аз ҳисоби ҷалби сармояи мустақим, аз ҷумла хатти қарзии бо Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон дар самти маблағгузории савдо дар ҳаҷми 33 миллион доллар хати қарзӣ кушода шуд. То ин замон аз ҷониби «Амонатбонк»  ба 39 ширкати ватанӣ 15,6 миллион доллар барои ворид намудани молу маҳсулот аз Ӯзбекистон қарзи бонкӣ пешниҳод шудааст”,-гуфт  Алиҷон Салимзода.

Ҳамчунин, номбурда иттилоъ дод, ки «Амонатбонк» бо ҶС “Kazakhexport”-и Қазоқистон хатти қарзи аккредитивӣ ба маблағи 23,7 миллион доллар кушодааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *