“Сангҳои гурда ва роҳҳои пешобӣ” аз хати форсӣ ба кирилӣ баргардон ва чоп шуд
Китоби “Сангҳои гурда ва роҳҳои пешобӣ” — и пизишкони эронӣ Саид Ҳабибуллоҳ Мусавӣ Баҳор, Абдулмаҷид Ийлун Кашкӯлӣ ва бо ҳамкории пизишк Носир Симфурӯш, ки дар бораи куллиёт, ташхис, дармонҳои тиббӣ ва ҷарроҳиҳои эндоурологию лапароскопӣ аст, аз ҷониби пизишкони Бемористони Ибни Сино Мубин Аминов ва Абдусамад Абдувоҳидов аз хати форсӣ ба кирилӣ баргардон ва дар матбааи “Бебок” — и Душанбе чоп шуд.
Сухангӯи Бемористони Ибни Сино Шервони Умриддин мегӯяд: “Китоби мазкур доир ба сангҳои пешобӣ ва мулоҳизоти дармонии онҳо, арзёбии беморони мубтало ба сангҳои системаи пешобӣ, дармони муҳофизакорона ва тиббии сангҳои системаи пешобӣ, тасмимгирӣ дар бораи равиши дармонии сангҳои гурда, нигоҳи таърихӣ ба раванди пешрафти ҷарроҳӣ дар дармони санги гурда, мулоҳизоти анатомикӣ ва омодасозии беморон барои ҷарроҳиҳои перкутонӣ дар гурда, мулоҳизоти беҳушӣ дар ҷарроҳиҳои перкутонӣ дар системаи пиелоколиксҳо, ҳолатҳои қароргирии беморон ҳангоми ҷарроҳиҳои перкутонии гурда, равишҳои дастрасии перкутонӣ ба системаи ҷамъкунандаи гурда, васеъ намудани масири дастрасӣ барои ҷарроҳиҳои перкутонии системаи ҷамъоваркунандаи гурда, равиши дренажи баъд аз ҷарроҳиҳои перкутонии системаи ҷамъоваркунандаи гурда, ҷарроҳиҳои перкутонии системаи ҷамъоварандаи гурда дар шароити хос, аворизи ҷарроҳиҳои перкутонӣ дар системаи ҷамъоварандаи гурдаҳо, нозукиҳо ва рамузи беҳбудии натиҷаҳои ҷарроҳиҳои перкутонӣ дар системаи ҷамъоварандаи гурда, сангшиканиҳои дарунандомӣ, сангшиканиҳои бурунандомӣ, дармони сангҳои ҳолиб, дармони сангҳои қисми поёнии системаи пешобӣ, дармони сангҳои пешобӣ дар кӯдакон ва лапроскопия дар дармони сангҳои пешобӣ иборат мебошад”.
Яке аз муаллифони китоб доктор Саид Ҳабибуллоҳ Мусавӣ Баҳор дар сарсухани хеш мегӯяд, ки: “Ҳарчанд мумкин аст матолиби мавҷуд дар ин китоб дорои фасоҳат ва балоғати мавриди интизор набошад, лекин умед ҳаст ҳама муҳаққиқин, устодон, ҳамкорони уролог ва дастёрони урологии саросари кишвар бар нависандагон миннат гузорида, то иншоаллоҳ бо пешниҳодҳо ва интиқодоти созандаи худ боби ҳамдилии амиқтаре кушода шавад. Умедворем, ки ин китоб ба унвони як муфиди комил дар дармони санги гурда ба урологҳо кӯмак кунад”.
Китоби “Сангҳои гурда ва роҳҳои пешобӣ” бо ибтикор ва иҳтимоми раиси ҳайати мудирони Бемористони Ибни Сино Абдухалил Холиқзода ба хати кирилӣ баргардон ва чопи он сармоягузорӣ шуд.
Муаллифони китоб ва баргардонандагони он дар пойягузорӣ ва дастгирии эдоурологии Тоҷикистон кӯмакрасон буданд, ба вижа аз оқои Абдухалил Холиқзода ва оқои доктор Алӣ Саломат ташаккур мегӯянд.
Шервони Умриддин қайд кард, ки ҳангоми баргардон намудани китоби “Сангҳои гурда ва роҳҳои пешобӣ” аз хати форсӣ ба кирилӣ баъзе калима ва истилоҳҳои душворфаҳм барои хонандаи тоҷик бо гунаи фаҳмои онҳо иваз карда шуда ва баъзе дигар дар дохили қавсайн шарҳ дода шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ