Санги асос барои сохтмони боз як корхонаи саноатӣ дар ноҳияи Айнӣ
Бо мақсади тақвияти истеҳсолот ва таъмини аҳолии кишвар бо истеҳсоли сементи хушсифати ватанӣ дар ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ барои сохтмони заводи истеҳсоли сементи “Фон — Семент” санги асос гузошта шуд.
Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳияи Айнӣ, фармоишгари корхонаи истеҳсолии мазкур ҶДММ “Фон — Семент” буда, лоиҳаи он аз ҷониби ҶДММ “Саноатсоз” матраҳ гардидааст. Бо бунёд гардидани корхонаи болозикр фармоишгар нақша дорад дар давоми сол то 100000 тонна сементи хушсифат истеҳсол намояд. Корхонаи саноатии “Фон — Семент” мувофиқи нақшаи фармоишгар бояд дар давоми 26 моҳ сохта ба истифода дода шавад. Бо ба кор шуруъ намудани корхона 120 нафар сокинони ноҳия бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
— Раиси ноҳия Муқим Муродзода зимни гузоштани санги асос бо масъулон суҳбат карда, гуфт, ки пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гаштани солҳои 2022-2026, барои мардуми Тоҷикистон, бахусус ноҳияи Айнӣ — ин як фоли нек буд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ нақша дорад то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда гузоштан дар саноатикунонии босуръати кишвар тамоми нерӯю қувваи хешро ба он масраф намояд. Зеро, соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар аҳамияти бузург дорад,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ