Санкт-Петербург: 380 муҳоҷирро барои занозанӣ дастгир карданд (видео)
Сомонаи Чека-ОГПУ дар канали Telegram-и худ хабар медиҳад, ки пас аз занозании оммавии муҳоҷирони тоҷику қирғиз, ки дар майдони сохтмони «Лахта-Центра» рух дод, 380 нафарро ба шуъбаи милитсияи шаҳри Санкт-Петербург бурданд.
Дар бораи сабаби занозанӣ хабар дода нашуда, гуфта шудааст, ки занозании оммавӣ шоми 3-юми июн дар ошхонаи ҳудуди «Лахта-Центра» оғоз шуда, сипас дар кӯча идома ёфтааст.
Бино ба навор, ҳангоми задухӯрд на танҳо мушт, балки пораҳои арматура, сангҳо ва ниқобҳои сохтмонӣ низ истифода шудааст.
«Дар натиҷа як зодаи Қирғизистон ба бемористон интиқол ёфт. Пас аз анҷоми чораҳои пешгирикунанда чаҳор созмондиҳандаи эҳтимолии занозанӣ муайян карда шуданд”,- менависад Чека-ОГПУ.
Гуфта мешавад, ки ҳар чаҳор нафар зодаи Қирғизистон буда, дар як сохтмон кор мекардаанд. Дар бораи сарнавишти муҳоҷирони дигари боздоштшуда хабар дода намешавад.
Дар сохтмонҳои «Лахта-Центра», ки фармоишгар ва сармоягузори лоиҳаҳои «Газпромнефти лоиҳаҳои Аврупои Шарқӣ» мебошад, ҳазорон нафар, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон кор мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ