Сардухтур худро овехт, аммо наҷоташ доданд
Мақомоти Лебап ба тамоми кормандони бемористони вилоятӣ амр кардаанд, ки дар ин бора бо касе суҳбат накунанд
Сардухтури бемористони Лебап (Лаби об)баъди он қасди худкушӣ кард, ки пркуратура дар натиҷаи як тафтиш чандин қонуншиканиро дар фаъолияти беморхонае, ки ӯ роҳбарӣ мекард, ошкор кардааст. Гуфта мешавад, худи сардухтур дар ин қонуншиканиҳо даст дорад.
Сардухтури 45-сола шаби 10 март дар таҳхонаи манзили зисташ қасди худкушӣ карда, худро овехтааст. Вале ӯро наҷот ва дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол додаанд.
Мақомоти Лебап ба тамоми кормандони бемористони вилоятӣ амр кардаанд, ки дар ин бора бо касе суҳбат накунанд.
Як табиб аз Лебап ба шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст,ки Э.М. соли 2018 бо кумаки яке аз мансабдорони баландпояи Туркманистон сардухтури беморхонаи нави вилоятӣ таъйин шуда буд ва яке аз шахсони бонуфуз дар он минтақа ба шумор мерафт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ