Сардухтури “Қарияи боло” аз вазифааш барканор шуд
Шамсулло Олимзода, сардухтури беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов баъди ҳамагӣ нуҳ моҳи фаъолият аз вазифааш барканор карда шуд. Ӯро дар ин мақом Хушнуд Баҳодурзода иваз кардааст.
Мирзоалӣ Раҷабзода, сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон гуфт, Шамсулло Олимзода бо сабаби камбудиҳо дар фаъолияти корияш аз вазифаи сардухтури Беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов озод карда шуд. “Дар масъалаи ба кори дигар гузаштанаш феълан чизе гуфта наметавонам”,-афзуд вай.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Олимзода Шамсулло то ин замон сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Кӯшониён ва директори Маркази мубориза бар зидди бемории сили вилояти Хатлон фаъолият кардааст.
Замоне ки ӯ ба вазифаи сардухтури беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов таъин шуд, авҷи бемории короновирус буд. Аммо бо гузашти нуҳ моҳ ва аз байн рафтани бемории коронавирус аз вазифа барканор карда шуд.
Хушнуд Баҳодурзода, сартабиби кунунии беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов то ин замон мудири шуъбаи барқароркунии бемориҳои амрози дарунаи ҳамин беморхона фаъолият мекард.
Машраби Аловиддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ