Саргардонӣ дар 7 бонк барои интиқоли 29 евро

Тасаввур кунед, ки ду нафар барои интиқоли ҳамагӣ 29 евро ба Туркия дар маркази Тоҷикистон аз соати ҳашти пагоҳӣ то соати дувоздаҳи рӯз бидаванд ва коре анҷом нашавад…

21.07.2023, ҷумъа. Имрӯз пагоҳии барвақт мо ду нафар (ҳамроҳ бо набераам) барои фиристодани маблағи ночиз тавассути сомонаи “Юнистрим”, ҳамагӣ 29 (бисту нуҳ) евро, нахуст ба “Бонки Эсхата” (дар хиёбони Бухоро) муроҷиат кардем.  Посухи корманди он комилан мантиқӣ буд ва ман дарк кардам, ки рост мегӯяд, зеро ин бонк ҷавози интиқоли пул ба хориҷ аз кишварро надоштааст.

Аз он ҷо ба интиҳо ё оғози хиёбони Бухоро, бахши “Амонатбонк”, ки дар гӯшае — ошёнаи якуми (ҳамкаф) сохтмони Донишгоҳи русӣ-тоҷикӣ-славянӣ (РТСУ) ҷой гирифтааст, рафтем ва дархости интиқоли пул ба Туркия аз сомонаи “Юнимстрим” кардем. Посух рад буд ва далелаш ҳам моро сахт ба тааҷҷуб овард:

— Мо пас аз соати панҷ (яъне 17:00) ба кори интиқоли пул мепардозем. Шумо пас аз соати панҷ биёед. Беҳтар аст ба шуъбаи “Амонтабонк” дар наздикии мактаби №8 равед…

Ин посух маро боз аз он ҷиҳат хушҳол кард, ки соати кории бонк то 17:00-ро нишон медод ва рафтан ба сари хиёбони Исмоили Сомонӣ дар чунин вазъи ҳавои хоколуд барои мо душвор…

Рафтем ба “Алиф-бонк” дар кӯчаи Мирзо Турсунзода (сероҳи кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ). Он ҷо дар даромадгоҳ пас аз суолоти зиёде аз мо ва баррасӣ дар роёнаи хеш ба зерзамин (“подвал”) фиристоданд. Хазинадори шумораи 15 барои фиристодани маблағи ночиз шиносномаи фиристанда ва ҳузури шахсии ӯро дар анҷоми ин кор зарурӣ донист. Мо дар ҳайрат шудем, ки барои анҷоми як чунин кори майда ин қадр дамбӯқигарӣ ба чӣ дард мехӯрад!? Хулоса, кор анҷом нашуд ва аз он ҷо ба бозори “Меҳргон” рафтем, ки наздиктарин шуъаби бонкҳои “Ориёнбонк” ва “Амонатбонк” дар ошёнаи дувуми он қарор дорад. Он ҷо низ ба доди мо нарасиданд…

Билохира, навбат расид ба “головной”-и “Ориёнбонк” дар хиёбони Рӯдакӣ. Дар он ҷо ба мо тафҳим карданд, ки ба бахши интиқоли маблағҳо, ки воқеъ дар бинои канори сохтмони аслӣ ҷой гирифтааст, муроҷиат намоем. Дар бахши интиқоли маблағҳо ба мо гуфтанд, ки “системаи (яъне сомона ё низоми бонкӣ) мо евро қабул намекунад. Фақат доллар лозим”.

Ниҳоят, ба машварати қаблии бахши дар сохтмони Донишгоҳи русӣ-тоҷикӣ-славянӣ мавҷуд буда, амал карда, ба шуъбаи “Амонатбонк”-и воқеъ дар сари хиёбони Исмоили Сомонӣ сар задем ва онҳо ҳам дасти тағобун ба ҳам заданд, ки танҳо дар “головной”-и “Амонатбонк”, ки наздикии меҳмонсарои “Авасто” қомат афрохтааст, интиқоли евро мумкин аст.

Ин буд қиссаи низоми бонкии мамлакати мо, ки дар шаш бахш ва як “головной”-и (дар кулл ҳафт) он коре барои мо ба сомон нарасид ва масхарае беш набуд, ки танҳо дарди сари мо зиёд шуд. Тасаввур кунед, ки ду нафар барои интиқоли ҳамагӣ 29 еврои лаънатӣ ба Туркия дар маркази Тоҷикистон, аз соати ҳашти пагоҳӣ то соати дувоздаҳи рӯз бидаванд ва коре анҷом нашавад.

Шояд масъулини бонкҳои кишвар ба ин суоли мо посух мегӯянд?

М. МИРРАҲИМ, сокини шаҳри Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *