Саргузашти Амири Дубай (6)
Дарси роҳбарӣ
Падарам ҳукмронии худро соли 1958 бо неруи зиёд, шавқу рағбати гарму нияти нек оғоз намуд. Ҳар рӯзе, ки ман бо ӯ дар кор будам, бароям як дарси нав, фикрҳои тоза, лоиҳаҳои ҷолиб ва дар ниҳоят, фаҳмиш ва шояд каме дарки хирад медод.
Яке аз қарорҳои аввалини шайх Саид таъсиси шӯроҳои махсус барои тоҷирон, соҳибкорон ва ҳама одамони соҳибихтисос дар ҷомеаи мо, аз ҷумла сохтмончиён, муҳандисон ва донишмандон буд. Вақте ман аз ӯ пурсидам, ки чаро ҳамаи ин одамонро даъват кардааст, то назари худро баён кунанд, ӯ бо ҷиддият ба ман нигоҳ карда, гуфт: «Инсон ҳеҷ гоҳ набояд аз омӯзиш даст кашад. Мо мехоҳем, ки онҳо ба мо дар сохтани Дубай кумак расонанд. Мо мехоҳем, ки онҳо туро омӯзонанд, ки чӣ гуна роҳбар бошӣ. Ин оғози таҳсили туст».
Ин аввалин дарси оддӣ, вале амиқе буд, ки ман аз шайх Рашид омӯхтам: ҳеҷ кас комил таваллуд намешавад, мо ҳама ба ақлу заковати дигарон ниёз дорем, то худро такмил диҳем. Ҳар кас бояд новобаста аз дастовардҳояш ба омӯзиш идома диҳад. Роҳбар ба машварати дигарон ниёз дорад, то бештар омӯзад ва дастгирии онҳоро дар нақшаҳо ва лоиҳаҳои нав ба даст орад. Танҳо шахси нодон чашму гӯш аз маслиҳату машварати дигарон мебандад.
Дар синни ҷавонӣ ман фаҳмидам, ки ҳатто Паёмбар Муҳаммад — салавот ва дуруди Худо бар ӯ бод, аз машварат бо ҳамсафонаш бархӯрдор буд. Баъдан ман дарк кардам, ки яке аз вазифаҳои душвортарин барои Ҳоким — ин донистани он аст, ки кай бояд ба машварати ростқавлона гӯш диҳад ва ҳақиқати нохушояндро бишнавад. Ман бузург шуда, мушоҳида мекардам, ки роҳбарон ва ҳукуматҳои араб ҳеҷ гоҳ ба мардумашон гӯш намедоданд, орзуҳо, умедҳо ва ормонҳои шаҳрвандонашонро нодида мегирифтанд. Ман медидам, ки роҳбарони миллатҳои бузургро сарнагун мекарданд, зеро онҳо хатоҳои нобахшиданӣ содир мекарданд: онҳо танҳо ба машваратчиёни чоплуси худ гӯш медоданд, худро бо одамоне иҳота мекарданд, ки ҳар амали дурусту нодурусташонро ситоиш ва дастгирӣ мекарданд.
Афсонаи қадимаи «Либоси нави подшоҳ» то ҳол ба бисёр роҳбарони имрӯза хос аст. Онҳо аз кибр ва чоплусӣ чунон кӯр шудаанд, ки наметавонанд ҳақиқати урёнро бубинанд. Бадтарин коре, ки як роҳбар ё ҳоким карда метавонад, ин интихоб кардани машваратчиёни ноуҳдабаро аст. Ман бо ин дарк, бо ин принсипҳои ҷовидонаи шайх Рашид калон шудам. Машваратҳои ӯ имрӯз ҳам зинда ва ба замона мувофиқ ҳастанд.
Рӯзе дар Шӯро як дарси дуюми бузургеро омӯхтам, ки то ҳол дар корам истифода мебарам. Шайх Рашид ба яке аз аъзои Шӯро гуфт, ки ӯро ҳамчун мудири кораш пурсамар ва роҳбар қобилиятнок мешиносад ва оё вай метавонад, ки як лоиҳаро оғоз кунад ва то анҷоми он назорат намояд. Баъдтар ман ба гӯши падарам гуфтам, ки фикр намекунам ин шахс он қадар роҳбари босамар ва сазовори чунин таъриф бошад. Шайх Рашид ҷавоб дод, ки яке аз муҳимтарин сифатҳои ҳокими муваффақ дар он аст, ки дар атрофи худ роҳбарони босалоҳиятро гирд оварад. Мо бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи кадрҳои роҳбарикунанда бошем. Мо инчунин бояд касоне бошем, ки онҳоро парвариш мекунанд. Ин вазифаи мост, ки роҳбар тарбия кунем, истеъдодҳои онҳоро рушд диҳем, ба онҳо масъулият вогузорем ва онҳоро ташвиқ кунем, ки роҳбарони асил шаванд.
Шайх Рашид ибни Саид Ал Мактум бисёр суханони бебаҳо ва пур аз хирад дошт, ки сирри муҳимтарини муваффақият ва бартарии миллатро ифода мекунанд: сохтани роҳбарон — омили ҳалкунанда дар рушди устувор ва пешрафти минбаъда мебошад. Ин суханон на танҳо ба миллатҳо, балки ба тиҷорат ва оилаҳои шумо низ дахл доранд. Бадтарин коре, ки шумо карда метавонед, ин яккароҳбарӣ аст. Ин дарси дуюмест, ки ман аз шайх Рашид омӯхтам. Ман ин принсипро зиёда аз ним аср дар кори худ татбиқ кардам. Ман барномаҳои махсусро барои тайёр кардани роҳбарон ва тарбияи онҳо оғоз кардам. Ман кӯшиш мекардам, ки ба ҷавонони боғайрате, ки дар марҳилаҳои гуногуни роҳбариам маро иҳота мекарданд, сармоягузорӣ кунам. Имрӯз ман мебинам, ки онҳо дар соҳа, ихтисоси худ роҳбарони сатҳи ҷаҳонӣ мешаванд. Ман бо ҳар яки онҳо ифтихор мекунам. Қабули машварат бо дили кушод доираи диди шуморо васеъ мекунад ва сохтани роҳбарон кӯшишҳои шуморо дучанд менамояд. Роҳбароне, ки мо месозем, тарбият мекунем, чашмони моянд, ки тавассути онҳо мебинем, дастҳое ҳастанд, ки бо онҳо бунёд мекунем ва энергияи эҷодиянд, ки ба худ илова мекунем, то барномаҳои худро амалӣ намоем, мамлакатамонро пеш барем, зиндагии мардумамонро беҳтар созем.
Яке аз муҳимтарин сифатҳои ҳокими муваффақ дар он аст, ки худро бо роҳбарони қавӣ иҳота кунад. Ман бо падарам дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ иштирок мекардам. Шайх Рашид афзалият медод, ки аз ҷанҷолҳои сиёсӣ ва мушкилоти олуда дур бошад.
Дарси сеюмро аз шайх Рашид ман дар синни ҷавонӣ омӯхтам. Вақте аз ӯ пурсидам, ки дар ҷаҳони муосир киҳо роҳбарони воқеӣ ҳастанд, ҷавоб дод, ки роҳбарони воқеии имрӯза ба мисли пешина нестанд. Роҳбарони муосир гигантҳои хомӯшанд, ки воситаҳоро дар даст доранд, на сиёсатмадороне, ки атрофу атрофиёни худро ба ҷанҷол мекашанд. Ин ҷавоб то ҳол маро ба ҳайрат меорад, зеро ман ҳар рӯз амалӣ шудани онро дар ҷаҳони муосир мебинам. Иқтисод ҳамеша сиёсатро пеш мебарад, на танҳо дар кишварҳои ғарбӣ ва аксари низомҳои демократӣ. Имрӯз ман мебинам, ки як кишвари бузург ба мисли Чин, ки тамоми ҷаҳонро ба чолиш мекашад, таъсири геополитикии худро васеъ мекунад ва эътилофҳои байналмилалиро ба даст меорад, на танҳо бо қудрати ҳарбии худ (ки он ҳам бузург аст), балки бештар бо иқтисоди қавии худ ба он ноил мешавад.
Чин ба рақобат бо Иёлоти Муттаҳида оғоз мекунад, ки то ҳол як қудрати бузурги ҷаҳонӣ мебошад, на танҳо бо сабаби қудрати бузурги ҳарбии худ, балки инчунин бо таъсири бесобиқаи иқтисодӣ ва фарҳангиаш. Ин ҷавоб қисмати муҳими андеша ва фалсафаи муосири Дубайро дар бар мегирад ва инъикоси мавқеъ ва эътиқоди сиёсии шайх Рашид мебошад. Ӯ афзалият медод, ки аз ҷанҷолҳои сиёсӣ ва мушкилоти олуда дур бошад, зеро дар ҷаҳони арабӣ ин ба мо кам фоида меорад. Консентратсия, энергия ва вақти шайх Рашид бештар ба сохтани иншоот ва иқтисод нигаронида шуда буданд ва ӯ аз ҳар гуна муқовимати ошкоро, ки метавонист кишвари моро ба ҷанҷолҳои сиёсӣ кашад, худдорӣ мекард. Ман пурра бо ин эътиқод розӣ ҳастам ва ин фалсафа ва машваратро дар давоми кори тӯлонии худ амалӣ кардам. Имрӯз бисёре аз намояндагони ҷаҳони араб рушди кишвари моро муваффақтарин дар минтақа мешуморанд. Дар назарсанҷиҳои солона ҳазорҳо намояндагони ҷавонони араб қайд мекунанд, ки мехоҳанд кишварҳои онҳо модели рушди кишвари моро пайравӣ кунанд — ин воқеан умед мебахшад. Бисёре мекӯшанд ба Аморати Муттаҳидаи Араб оянд, то орзуҳо ва ормонҳои худро амалӣ кунанд. Ба туфайли принсипҳои шайх Рашид, ки ӯ ба мо мерос гузошт ва онҳоро як қисми фарҳанги миллии мо гардонд, имрӯз Дубай ба як афсонаи иқтисодии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ин се дарсест, ки марди хирадманд ва муаллимам ба ман омӯхтааст, ки онҳо кумак карданд ҳаёт ва карераи худро созам. Ин машваратҳои амиқ мебошанд, ки ман дар талоши худ барои хушбахтӣ ва шукуфоии мардуми худ роҳнамо мегирам.
(Давом дорад)
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ