Сари шайтон дар думи тарбуз

Баъзеҳо пеш аз тарбузро ду қисм кардан аввал думчаашро дар шакли гирд ё чоркунҷа бурида ҷудо мекунанд ва баъзан вақт онро реза-реза карда мепартоянд.

Рӯзе дар хонаамон устоҳо кор мекарданд. Вақти хӯроки нисфирӯзӣ устокалон вақте тарбузро пора мекард, чун анъана аввал думчаашро бурида, пасон онро реза-реза карда партофт ва баъд тарбузро ду қисм кард.

Кунҷкобиам баланд шуду сабаби инро аз усто пурсидам.

— Ин думчаи тарбузе, ки буридам, сари шайтон аст. Вақте онро мебурӣ, шайтон мемирад ва тарбуз ҳалол мешавад,- посух дод усто.

Солҳо гузаштанд, вале ҳамон қисса ҳанӯз ҳам дар ёдам аст. Ҳол он ки, хурофот будани ин ривоятро дарк кардаам ва медонам, ки буридани думчаи тарбуз танҳо барои осон ба ду қисм ҷудо кардани он аст, на чизи дигар.

Лекин нафарони хурофотзада қариб ҳар рӯз як шайтонро ба воситаи  тарбузу харбуза қурбонӣ мекунанд…

Зайнулло БОБОЕВ, донишҷӯ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *