Сарварони кишварҳое, ки дар натиҷаи суқути ҳавопаймо ба ҳалокат расидаанд

Марги раисҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ бар асари суқути чархбол ҷомеаи ҷаҳонро ба ларза овард. Дар зеҳни бисёриҳо суоле чарх мезад: “Чӣ тавр?”. Зеро марги роҳбари як давлат дар садама ё сонеҳа қариб тасаввурнопазир аст.

Вале дар таърих чунин воқеаҳо низ рух медиҳанд. Раисӣ ягона президент нест, ки риштаи умраш дар пайи суқути чархбол ё ҳавопаймо канда шудааст. Биёед ба таърих назар мекунем.

10-уми апрели соли 2010. Ҳавопаймои Ту-154 М ҳангоми фуруд дар Смоленск суқут кард ва ҳамаи 96 нафаре, ки дохили он буданд, бо шумули президенти Лаҳистон Лех Качинский ба ҳалокат расиданд.

26-уми феврали соли 2004 ҳавопаймое, ки дохили он президенти Мақдуния Борис Трайковский қарор дошт, дар наздикии шаҳри Мостараи Босния суқут кард.

Соли 1981 суқути ҳавопаймо ҷони роҳбари Панама — генерал Умар Торрихосро гирифт.

Соли 1983 президенти Эквадор Хайме Ролдос Агилера низ бар асари садамаи ҳавопаймо даргузашт.

Соли 1986 ҳавопаймое, ки дар он президенти Мозамбик — Самора Машел қарор дошт, суқут кард.

Соли 1969 дар пайи суқути ҳавопаймо президенти Боливия — Рене Барентос Ортуно ба ҳалокат расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *