Мишустин

Сарвазири Русия ба Тоҷикистон меояд

Сарвазири Русия Михаил Мишустин дар аввали моҳи марти соли равон бо сафари корӣ вориди шаҳри Душанбе хоҳад шуд.

Сафари Михаил Мишустин ахиран  дар Маскав зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Михаил Галузин баррасӣ шудааст.

“Ҷонибҳо зимни мулоқот ба сафари қарибулвуқӯъи сарвазири Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон, ки дар аввали моҳи марти соли равон дар назар аст, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд”,- иттилоъ додааст Сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Ҳамзамон, қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот тарафҳо вазъ ва дурнамои равобити Тоҷикистону Русия дар бахшҳои мухталифро баррасӣ карданд.

Тарафҳо дар ин мулоқот дар бораи ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули назар карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *