Савдои кӯчагӣ дар пешгириаш оҷиз, ки бошем, онро танзим мебояд кард…
Мушоҳида мешавад, ки худи милисаҳо низ аз сарбасаршавӣ бо савдогарони кӯчагӣ қимобу безор шудаанд. Коре, ки ба ҳар як тори асаб мерасад, ба кӣ писанд меояд? Аммо милисаҳои корчаллон аз амалиёти савдои кӯчагӣ, бешак, манфиат меҷӯянд. Зеро борҳо дар назди Маркази савдои «Садбарг», бозорҳои «Корвон», «Шоҳмансур», «Деҳқон» ва бозорҳои шахсӣ милисаҳои минтақавӣ баъзе савдогарони кӯчанишинро сарзанишу маломат ва ҳатто дашному ҳақорат дода, меронанд ё худашонро бо молу масолеҳашон ба шуъба ё участкаи милиса мекашонанд ва чораҳои маъмурӣ меандешанд. Имрӯз ин гуна милисаҳоро савдогарони кӯчанишин, ки аксар мардуми бечораҳоланд, хуб мешиносанд. Омад-омадашонро шунида, колою масолеҳи тиҷораташонро зуд ҷамъ карда, пинҳон мешаванд ва баъди чанде ба ҷойи пештараашон бармегарданд.
Дуруст аст, ки дар пешгирии савдои сари кӯча бояд, пеш аз ҳама, худи сардорони бозору марказҳои савдо намуна бошанд. Вале онҳо ё аз сари дилсӯзӣ ё сабаби дигаре ба ин кор ҳавасманд нестанд.
Маълум аст, ки савдои сари кӯча ё кӯчагӣ садсолаҳо вуҷуд дорад. Ҳатто дар замони Шӯравӣ он нафароне, ки дар бозор ҷой ёфта наметавонистанд, аз савдои кӯчагӣ даромади иловагӣ ба даст меоварданд. Савдогарони имрӯза аксар аз ноилоҷӣ ба ин кор даст мезананд. Яъне, мушкилоти мазкур ҳалнашаванда боқӣ мемонад ва беҳтар аст, ки роҳҳои қонунии танзими савдои кӯчагиро мутахассисону коршиносони бозор фикр карда ёбанд. Зеро савдои кӯчагӣ дар коҳиши камбизоатии аҳолӣ саҳми муҳим дорад. Инро бояд эътирофу дар танзимаш кӯшиш кард, на муборизаи бесуд бурд…
Эмоми НАЗАРИЁН,
«Тоҷикистон»
Айни замон савдои кӯчагӣ дар пиёдароҳҳои Маркази савдои «Садбарг» ва бозори Шоҳмансур бо қувваи милисаҳо барҳам дода шудааст. Аммо то ба кай?
Назари шумо, хонандагони рӯзнома ва мутахассисони соҳаи бозорро дар бобати мушкилоти мазкур дар сомонаи Tajikistan times интизорем.
Матни пурраи матлабро дар шумораи ояндаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мехонед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ