Сайри бозори асъор
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 30 январ қурби расмии асъори хориҷиро бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8260 сомонӣ, 1 евро = 10.9442 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1567 сомонӣ.
Имрӯз, 30 январ қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.8300 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро аз 10.9442 то 11.0100 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1567 то 0.1570 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ